ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ОРЗУ
Бахт монанд аст бар он оташе аз кўҳсор,
К-ў намояд дар назар наздик дар шабҳои тор.
Лек, сад афсўс, роҳи он бувад дуру дароз,
Ҳар кӣ соил шуд ба он, сад мушкилаш ояд дучор.
Гоҳ он оташ фиребат медиҳад, шав бохабар,
Чун ба наздаш рафта бинӣ, он чароғи шўълавар.
Оташи хиргоҳи ҷонон нест, сад афсўс нест,
Рўи як танҳо бубинӣ дар ҷило акси қамар.
Баҳри ман ишқи ту он сон оташ аст, эй дилрабо,
Боварам н-ояд, ки бифребад маро ишқи шумо.
Дорам истиқболи неку пурҳарорат орзў,
Баҳри ин мақсуди олӣ ман бикўшам доимо.
ИДИ САНЪАТ
Шеъру санъат рўҳро нури зиё меоварад,
Дар баҳори дўстӣ нашъунамо меоварад.
Чун парасту дар ҳавои дўстӣ пар мезанад,
Дар дили мо шодии беинтиҳо меоварад.
Хезад аз дилҳову дар дилҳо нишинад ҳамчу нур,
Дар замираш оламе меҳру вафо меоварад.
Дар гулистони муҳаббат рангу бў меофарад,
Дилхушӣ аз нашъа чун боди сабо меоварад.
Шамси истиқболро авҷи саодат медиҳад,
Партави иқболро ҷўши сафо меоварад.
Ҳамчу ҳусни навбаҳорон ғулғулафкан мешавад,
Як ҷаҳон эъҷоз аз созу наво меоварад.
Ҷашни шеъру иди санъат боз барпо кардаем,
Эътибори тоза бар мову шумо меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё