ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Ту медонӣ, Маскав бағоят калон аст,
Умеди ҳама халқи рўи ҷаҳон аст,
Ба ман адресат, дўстам, ноаён аст,
Агар хат нависам, ту гирӣ, гумон аст.
Надонам, куҷоӣ! Надонам, куҷоӣ!
Агар рафтаву ин хатамро бихонӣ,
Саломи самимӣ ба Маскав расонӣ!
Ташаккур бигў баҳри бахти ҷавонӣ,
Ки дорӣ чунин сайру хуш зиндагонӣ.
Фиристон бароям хате армуғонӣ!
ИШҚ ҲАМ МЕВАҲОИ НАВ ДОРАД
Буд фасли ҷавонии олам,
Дили пирӣ тиҳӣ будӣ аз ғам.
Ҳар куҷо базми навҷавонӣ буд,
Ишқ болои ишқ мешуд зам.
Рўзи наврўзи рўзгорон буд,
Сайқали умр навбаҳорон буд.
Растухези гулу гиёҳ ба гўш
Мерасид аз замини махмалпўш,
Нафаси тозаи насими саҳар
Ғунчаро мекашид дар оғўш.
Абр гўё шукуфа меборид,
Шохсорон бубаста марворид.
Дар чунин фасл ишқ варзидам,
Аввалин бор рўи ў дидам.
Бохтам дил ба тори як нигаҳаш,
Рафтам аз худ, вале нафаҳмидам.
Бехабар будам аз шамидани гул,
Ҳамрадифию шевани булбул.
Тоби мижгону чашмҳои кабуд
Ҳусн болои ҳусн меафзуд.
Гўиё меҳр шуста мўяшро,
Шона бинмуда дояи мақсуд.
Зулфи заррину абруи мушкин
Аз дили санг ҳам барад тамкин.
Рўй мисли булўр софу сафед,
Мўй агар мерасид, мелағжид,
Ҳоли бозигар аз табассуми ў
Гоҳ мешуд ниҳону гоҳ падид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё