ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ХАЛҚИ БУЗУРГВОРАМ
Чун Вахши саркаши худ аз шавқ сар кашидам,
Шайпури фатҳи халқам бори дигар кашидам,
Ҳар қатраи ҷабинаш бо шеър бар кашидам,
Оре, ба риштаи назм дурру гуҳар кашидам.
То бахшам аз бароят, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Қалби замин фишурда, мардона чок кардӣ,
Обу арақ зи рўят сад бор пок кардӣ,
Шуд рўзҳо, ки дидам тарки хўрок кардӣ,
То пунбадонаеро берун зи хок кардӣ.
З-ин рў туро сурудам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Ҳар як ниҳоли пахта чун тифл парваридӣ,
То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дўши худ кашидӣ,
То сарбаланд гардӣ бисёр сар хамидӣ.
З-ин рў туро сароям, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Фасли баҳор дидам пур аз ғубор рўят,
Бо қомати хамида дар киштзор рўят,
Обу арақ чакида аз тор-тори мўят,
Барқи зафар шукуфта андар канори рўят.
Дил пурумед гуфтам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Ранҷи кашидаатро обу замин бидонад,
Обилаҳои дастат чархи машин бидонад,
Қадри баланду пастӣ худ пахтачин бидонад,
Ҷонбозиҳои заргар лаълу нигин бидонад.
Заркору заргарӣ ту, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё