Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар зинапоя менишастаму бо ҳама хайрухуш мекардам: бо модарам, бо тағоиям, бо ҷӯраам Карим, бо Мукаррама...
Мукаррама... Аҷоиб! Он вақт орзӯ карда, мегуфтам, ки аз ҷанг баргашта, рост ба хонаи Мукаррамаино меравам ва мо зану шӯ мешавем... Аммо чанд рӯз пеш дар шаҳр Мукаррамаро дида, ҳайрон шудам, ки наход ҳамин духтарбачаи сиёҳаки почадарозро нағз медидам?...
Баъд маро милитсионер дошт. Дошта ба пеши милитсионери калон бурд... Он ҷо дар пеши милитсионери калон гӯё касе менишаст? Ҳо, ҳо, як савдогар. «Ҳаромхӯр»
гуфт ӯро милитсионери калон...
Ногоҳ дилам ҷиғғос зада рафт. Ҳамин динаяк Карим ҳам маро ҳамин хел гуфт, «ҳаромхӯр» гуфт маро!
Дадоҷон, дадоҷонакам, ту дар куҷоӣ? Ин Абдулатиф аз ман чӣ мехоҳад, барои чӣ маро азоб медиҳад?
Риштаи хаёлҳои маро ҳамон марди палтои Чарминпӯш канд.
– Писар, – гуфт ӯ, – гапи тағоиятон рост аст ё не?
Ман боз чизе нагуфта, ба ҳама нигоҳ мекардам.
Мана, Қосимҷон...
Вай ҳамчунон наҷумбида ва рост ба пеш нигоҳ карда менишинад.
Дар рӯ ба рӯи ӯ, дар он тарафи хона – Абдулатиф.
Чашмаш ба ман.
Одилмагазинчӣ... Вай ба тарафи дари хона нигоҳ мекунад, гӯё гурехтанӣ аст...
Султоналихон... Даҳонаш яла, аз қабати ришаш ба ман чашм дӯхтааст.
Марди палтои чарминпӯш босаброна мунтазири ҷавоби ман аст.
Шокиртароша... Вай ришчаашро дошта, сарашро андак ба як тараф хам карда оромона ба ман нигоҳ мекунад.
Ба гӯшам овози Абдулатиф расид:
– Ҷиянам, ҳама маътали гапи ту.
Бале, ҳама маътали гапи ман. Ман бояд ҷавоб диҳам.
Пул гирифтан ё нагирифтани Қосимҷон ба ҳамин ҷавоби ман вобаста аст.

пешина
аз 130
навбатӣ