Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳамин ки он ҷо ба дилаш зад, боз роҳи шаҳри дигареро пеш мегирифтааст.
Хулласи калом чанде нагузашта тағоиям дар ҳақиқат гашта омад. Вале кори дунёи бебақоро бинед, ки на ба дидори падараш расида тавонист ва на ба дидори модараш: дар ин муддат бечора модаркалонам ҳам мурда буд.
Аҳли маҳалла аввалҳо Абдулатифро он қадар рӯи хуш намедоданд, дар ғайбаш мазаммат мекарданд. Сабукмағз ва бемуҳаббат мегуфтанд. Аммо гиряву нола ва тавбаю тазаррои ӯ, муомилаи нарму дасткушодии ӯро дида, зуд дилашон ба ӯ гарм шуд. Ҳатто падарам, ки ҳар хел одамро ҳам хуш кардан намегирифт, ӯро ҳамчун як бародари худ дӯст дошта монд.
Дере нагузашта, ҷанг сар шуд. Падарам ба фронт рафт. Ба тағоиям ҳам чанд бор повестка омад. Аммо ӯ, ки дарди тарбод дораду дилаш суст аст, ҳар дафъа ё аз военкомат ва ё аз истгоҳи роҳи оҳан гашта меояд.
Мардуми баддаҳон ҳатто ҳамин ба аскарӣ нарафтани тағоиямро ҳам гап карданд...
Тағоиям аз бадгумонии одамон бисёр хафа буд, худашро мехӯрд.
Боре аз военкомат гашта омада, ба ману модарам бо ҳасрат гуфта буд:
– Охир, ман ҳам мехоҳам, ки дар қатори кӯп рафта хун резам, ҷон фидо кунам, лекин чӣ илоҷ? Гоҳ аз чашмам айб меёбанд, гоҳ аз дилам... Гӯр ин сиҳатии ман шавад...
Рӯзе тағоиям ману модарамро сахт тарсонида, ба касе чизе нагуфта, боз аз шаҳр ғоиб шуд. Аммо, хайрият, ки се-чор рӯз нагузашта баргашта омад ва гуфт, ки дар кони Зарчашма кор ёфтаасту акнун ба ҳамон ҷо кӯчида меравад, чойхоначигӣ мекунад. Назар ба гуфти тағоиям, Зарчашма аз шаҳр тахминан панҷоҳ километр дур буда, ҷои хушобуҳавое будааст.
Аз он айём ҳоло қариб ним сол гузаштааст.
Тағоиям ҳафтае як ё ду бор ба шаҳр омада меравад ва ягон бор нашудааст, ки дасти хушк омада бошад; гоҳ андаке гӯшт меорад, гоҳ ду-се литр карасин, гоҳ ягон буханка нон.

пешина
аз 130
навбатӣ