ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Саломат-апа дар бар куртаи крепдешини осмониранги ҳошияҳояш сурх дошта, миёнашро тасмаи занҷирмонанди кабуд печонида гирифта буд. Дар гарданаш марҷони калон-калони каҳрабо. Дар гӯшаш гӯшвораи тило, ки онро занон «ҳалқаи балдоқ» мегӯянд. Туфлиаш бо куртааш ҳамранг. Ва аз болои куртааш пилники катак пӯшида гирифта буд, ки вақти роҳ гаштани Саломат-апа хишир-хишир мекард.
«Келинчаки фасон будааст, – гуфт дар дилаш Гавҳар. – Боз ин қадар хушрӯ...» – ва, дар охир аз «келинчаки фасон» чашм канду қадамашро суст накарда, ба бофтани кокулчаи кушодашудааш сар кард.
– 0б мехӯрӣ? – дар пеши дӯкончаи обфурӯшӣ бозистода гуфт Саломат-апа.
– Майлаш, – гуфт Гавҳар, – лекин бесиропаш бошад...
Саломат-апа пули обро доду онҳо боз ба роҳ даромаданд.
– Вай... ҳолӣ номат чӣ буд? – аз дасти Гавҳар гирифта гуфт Саломат-апа. – Аллакай аз ёдам баромадааст...
– Гавҳар.
– Ҳа, Гавҳарҷон, имсол ту чандӯм?
– Имсол дуюмро тамом кардам.
– Ҳамааш панҷ-мӣ?
– Не, дута чорам ҳаст...
Онҳо ба ҳамин тарз гуфтугӯкунон ба истгоҳи автобус расиданд.
Автобус онҳоро ба канори шаҳр оварда партофт. Аз автобус фаромада буданд, ки ногоҳ Саломат-апа:
– Ист, як бинем-чӣ, – гӯён ба тарафи дӯкончаи кабуди соябондор равона шуд. Гавҳар ҳам аз паси ӯ рафт.
Саломат-апа хеле, вақт чизҳои дӯкончаро тамошо карда, дар охир як брошкаи калонеро хоста гирифт, ки шакли ганбуски обиро дошт. Гавҳар ин хариди ӯро он қадар ҳам хуш накард; аз ин дида, ба вай брошкачаи кабуде, ки ба шохчаи баргдор монанд карда сохта шуда буд, бештар маъқул омад. Аммо вай, албатта, ҳеҷ чӣ нагуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё