Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Намедоданд? – гашта пурсид Саломат-апа.
– Не, очам худаш пул мегирад, – рамида гуфт Гавҳар. – Пули бобома чӣ кор мекунад?
Саломат-апа муддате бо табассуми сохтаи хунук ба Гавҳар нигоҳ карда истод.
Баъд зери лаб «мумсик» гӯён боз ба роҳ даромад.
...Вай фақат баъд аз хеле вақт ҳис кард, ки худаш танҳо рафта истодааст. Шартӣ гашта ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки Гавҳар туфличаашро ба дасташ гирифта, ба он канори ҷӯй гузашта истодааст.
– Ҳой! – танҳо пас аз лаҳзае ба худ омада фарёд кашид Саломат-апа. – Ҳой, куҷо меравӣ?
Гавҳар ба тарафи ӯ нимнигоҳе ҳам накарда, ба он лаби ҷӯй баромада гирифт.
– Ҳой, тирмизакча! Куҷо меравӣ, мегӯям? 0, гӯра нишон те!
– Худатон тирмизакча! – туфлиашро ба по карда ҷавоб дод Гавҳар. – Худатон мумсики беимон!.. Шумо духтари бобом не. Духтари бобом не! – ва ба Саломат-апаи шахшудамонда ногоҳ забонашро бароварда нишон доду ақиб гашта, дар байни гандумзори баланд ғоиб шуда рафт.

пешина
аз 130
навбатӣ