ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Пӯсташ рафта ба устухонаш часпидааст, бачаякама!..
Ҷаста аз ҷоям хестам. Хамёзаи ширине кашида, дасту по ёзондам. Аз хоб бардам шуда хеста будам, дар баданам кӯфтагӣ ном чизе ҳис намекардам.
Оҳиста ба таги дар рафтам.
Дари хона ба рӯи боғчаи ҳавлӣ кушода мешуд.
Ҳавлии мо як ҳавлии чоркунҷаи одист, ки аз аксари ҳавлиҳои Чорчинор фарқе надорад.
Қариб аз пеши дарвозаи ҳавлӣ айвони равон сар мешавад, ки ба хонаи истиқоматӣ омада часпидааст. Дар ҷойҳои мо «равон» гуфта, айвонеро меноманд, ки девори пешаш аз ромҳои шишабандӣ иборат буда, он ромҳоро аз якдигар ҷудо кардан, ҳатто ба қабати якдигарашон тела дода даровардан мумкин аст. Аммо айвони мо танҳо ба номаш «равон» буд. Ду қабат ромҳои болоии он кайҳо несту нобуд шуда, танҳо як қабати бешишаи поёниаш боқӣ монда буд, ки он ҳам ҳар чаҳор ҷо кафида, тахтаҳош монанди дандони пиракии ҳафтодсола роғ пайдо карда, лиққонак шуда буд. Айвони сертоқча ҳам ҳезумхонаи мост, ҳам анбори лашу луши бекора. Айвон барои зиндагӣ кор намеояд. Ҳатто баҳорон ё дар охири тирамоҳ, ки дар айни хоби ширин, нисфишабӣ ё саҳар нохост борон мегирад, дар чунин маврид ҳам, мо ба айвон нагурехта, ба хона медароем, зеро замини айвон тӯпалхоки расво асту таги деворҳои гилии он – макони каждуму ганбуск. Дар омади гап, дар рӯи суфа ҳам аз каждум эмин мондан мумкин нест, ман худам чандин бор дар рӯи суфа каждум куштаам, ҳатто як-ду дафъа пагоҳӣ аз хоб хеста, дар рӯи ҷогаҳ каждум ёфта будам, аммо аҷоибаш ин, ки дар умрам ягон бор ҳам маро каждум нагазидааст.
Хулоса, аз айвони равони мо нафъи казоие набуд.
Хонаи истиқоматӣ, ки даҳлезча ҳам дорад, дар назари аввал гӯё аз айвон кӯчактар, хурдтар аст, аммо агар кас ба даруни хона дарояд, мебинад, ки қариб нисфи хонаро айвон аз назар пинҳон мекардааст. Ошдону мӯрӣ ва обрезу ӯра ҳам дар даҳлез воқеъ шудаанд.
Дар рӯ ба рӯи айвон полизчаи дарозрӯяе воқеъ аст, ки назар ба гуфти ҳамсояамон Султоналихон, агар ман бачаи бадаступо мешудам, аз он ҳар сол як зимистона сабзиву пиёз гирифтанам мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё