ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Баъд аз ин ба хашм омада, ба мо ҳамла мекард, аммо ягонтаи моро дошта наме- тавонист ва оқибат маҷбур мешуд, ки роҳи гурезро пеш гирад. Ин вақтчоқӣ қариб ҳар шаб барпо мешуд. Аммо ҷанг сар шудааст, ки Султоналихон дигар маст намешавад, ришу мӯйлаб монда, ба сараш салла бастааст. Мӯйсафедону пиразанони маҳалла, ки пеш сояи Султоналихонро аз девор метарошиданд ва «пиёнистка» ва «дайду»-ю «безорӣ»-аш меномиданд, акнун мегӯянд, ки «тӯрам ба худ омадаанду мӯъмину мусулмон гаштаанд»
ва назар ба гуфти мардум, ба ин авбоши дирӯза ихлосу эътиқод пайдо карда, ҳатто назру ниёз меовардагӣ шудаанд.
Дар поёни ҳавлӣ, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии мо, дар паси девори пастаки похсагин ҳавлии Ҳурбибихола ҷой гирифтааст, ки сербачатарин ва серғавғотарин ҳавлии маҳалла ба шумор меравад. Ҳурбибихола ҳафт писар дорад. Аз ҳафт писар танҳо писари кенҷааш ҳоло зан нагирифтааст. Ин ҷӯраи наздики ман ҳамон Карим аст, ки номашро якчанд саҳифа пештар ба забон гирифта будам. Аз шаш акои Карим – чортоаш дар аскарӣ ва агар Карим рост гуфта бошад, дуи дигараш ҳам пагоҳ-бегоҳ ба ҷанг меравад.
Дар паси айвон ва дар ақиби хонаи истиқоматии мо низ ҳамсояҳо ҳастанд, аммо ман онҳоро ҳамсоя ҳисоб намекунам. Зеро дарвозаи онҳо аз кӯчаи дигар аст ва маҳаллаашон ҳам дигар мебошад. Мо ба он ҳавлиҳо танҳо гоҳ-гоҳ барои себу анор ва ё барои гирифтани тӯби роҳгумкардаи худ мефароем.
Маҳаллаи мо ба дарё хеле наздик аст; кӯчаи калони маҳалла аз лаби дарё мегузарад. Шабҳои гарм ва дами тобистон шаббодаи салқини дарё моро хоби роҳат медиҳад, аммо баҳорон, ҳангоми обхез қариб тамоми маҳалларо заҳ зер мекунад. Аз ҳавлиҳои сари кӯча, ки ба дарё бисёр наздиканд, ҳатто об мебарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё