Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

наш хеле калон шуда, ба мактаби чорсола қабул шуданаш мумкин набудааст худаш хонондааст. Ҳатто хати арабӣ ёд додааст. Китобҳое, ки ҳоло дар сандуқи Қосимҷон мебошанд, ҳама аз язнаи ӯ будаанд.
– Лекин одам, ки бадбахт шуд, дигар ба ӯ рӯзи беҳбудӣ набудааст, – оҳ кашишда мегуфт Қосимҷон ва ман дар торикӣ бошад ҳам, ҳис мекардам, ки чашмони ӯ пури об шудаанд.
Аз омадани Қосимҷон ба хонаи апааш ягон чор сол гузашта будааст, ки апааш нохост касал шуда, дар мобайни як шабу як рӯз мурдааст.
– Ба ин ҷо, ба Зарчашма чӣ хел шуда омада мондед? – гуфта пурсидам ман дарҳол, то ки Қосимҷон аз хотираи вазнини вафоти хоҳараш зудтар ба мавзӯи дигар гузарад.
Қосимҷон оҳи пурдарде кашида гуфт:
– Як сол нагузашта язнаам зани нав гирифт... Вай худаш зан гирифтанӣ набуд, хешу табораш намонд. Баъд аз ин дар он ҷо истода натавонистам. Язнаам ҳарчанд кард, ки дар хонааш истам, не, нашуд. Хестаму ба ин ҷо, ба Зарчашма омадам. Ҳамон рӯзи омаданам ба чойхона фуромада, ба Абдулатиф-ако вохӯрдам. Ана аз ҳамон рӯз ин тараф ман дар ҳамин ҷо...
– Язнаатон шуморо пурсида наомад?
– Не. Шунидам, ки баъди чанд рӯзи баромада рафтани ман ба ҳарбӣ гирифтаанд.
Пас аз ин мо одатан дуру дароз хомӯш шуда мемондем.
Гирду атроф тип-торик. Оромии сахт ҳукмфармо.
Танҳо баъзан ғурроси ягон мошини дермонда баланд мешавад. Ё худ аз тарафи завод садои занги қаровулон ба гӯш мерасад.
Ман аз байни шоху барги ҳарсеб, ки дар таги девори хоначаи тағоиям рӯида буду рӯи бомро, ки ҷогаҳи мо дар он ҷо андохта шуда буд, хаймавор панаҳ мекард, ба осмони беқаъри пурситора нигоҳ карда, ба қисмати сахти Қосимҷон афсӯс мехӯрдам.
Аммо ин гуна сӯҳбатҳои пуралам ва ғуссаангез бисёр намешуд.
Аксар Қосимҷон аз қишлоқаш, аз урфу одати халқи он ҷоҳо, аз қӯҳу ағба ва наҳру чашмасори Масчоҳ гап мезад, ё худ қиссаву афсона мегуфт: ӯро кони афсона гуфтан мумкин буд.

пешина
аз 130
навбатӣ