Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мон, ҷиянат ҳам ҳамин ҷо шиштан гирад, ҳама азони худӣ-ку?
– Хайр, шин, – гуфт тағоиям.
Ман ҳам дар пойгаҳи хонача, ба як лаби гилем нишастам.
Баробари нишастанам яке аз меҳмонон, ки бинии калони хандаовараш картошкаи серчашми хунукзадаро ба хотир меовард, ба як пиёла шароб рехта ба ман дароз кард.
Ман пиёларо нагирифта бо ҳайронӣ ба тағоиям нигоҳ карда истодам.
– Монед, натед, – гуфт тағоиям ба мардаки биникалон
– ҳеҷ нанӯшидааст.
– Аз барои!.. – гуфт бардурӯғ қаҳр карда он мардак. – Гапа бисёр накун, Латиф! Ин бачаҳои охирзамон ба ману ту дарс медиҳанд, дарс! – ва ба ман рӯ овард.
– Гир, ука, арақ не-ку ин, сурхаш! Аз барои!..
Пиёларо гирифтам.
– Канӣ, бардор, шери амак, бардор, ҳа! – гӯён маро саросема мекард меҳмони биникалон.
Ман ҳам пиёларо бардоштам.
Даҳонамро як чизи тезу тунде сӯзонда гузашт. Гулӯям гӯё оташ гирифт. Нафасам гашт, аз чашмам об баромад.
– Ҳо-ҳо-ҳо!.. – шикамашро дошта қоҳ-қоҳ зад картошкабинӣ – Ҳо-ҳо-ҳо!.. Аз барои!
Дигарон ҳам гуррос зада хандиданд.
Танҳо тағоиям ба ханда ҳамроҳ нашуда гуфт:
– Нагуфтам, ки натед...
Ман давида берун баромадам.
– Об! – гуфтам нафаскашон ба Қосимҷон. – 0б тед, об!
Як косаи калон оби сардро нӯшида ба худ омадам.
– Арақ дод вай падарлаънат... – мегуфтам ман оби чашмамро пок карда.
Ман шубҳа надоштам, ки шогирди тағоиям ба ҳоли ман хуб ханда мекунад, аммо вай ба гапҳои ман чизе нагуфта, танҳо бо таассуф ва ҳайрат сар меҷунбонд.
Шароб сурх бошад ҳам хеле зӯр будааст. Вақти хоб маро маст кард. Ҳамин ки сарамро ба болишт мондам, дилам беҳузур мешуд, хона ба мисли чархи фалак давр мегашт ва ман боз давида аз ҷоям мехестам.

пешина
аз 130
навбатӣ