Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо Карим аз девор ҷудо шуда, як қадам ба пеш монду дасти сангдорашро бардошта, бо оҳанге, ки гӯё сагро пеш мекарда бошад, такрор кард:
– Рав!..
Ман боз лаҳзае дар рӯ ба рӯи Карим беҳаракат рост истодаму баъд сарамро хам карда, ақиб гаштам ва якта-якта қадам монда, аз ӯ дур шудам.
– Ҳаромхӯр, – гуфта монд боз аз паси ман Карим.
...Карим маро не, ман Каримро зада ғалтонда будам, вале чӣ сабаб, ки аз ин ғалабаи худ нӯги нохун барин ҳам хурсанд набудам, балки баръакс, худро шаттахӯрда, мағлубшуда ҳис мекардам ва мисли хурӯсчӯҷае, ки дар ҷанг мағлуб шуда, ба катакаш мегурезад, торафт қадамамро тезтар мекардам.
Ман танҳо баъдтар фаҳмидам, ки Карим маро ҳанӯз пеш аз мушт заданам мағлуб карда будааст ва бо яроқе мағлуб карда будааст басо сахттар ва басо дардноктар аз мушту торсакӣ...
Саҳарии барвақт чашми рӯз пурра кушода нашуда, аз хоб хестаму ҳатто бо модарам хайрухуш накарда, роҳи бозорро пеш гирифтам.
Дуру дароз савдо карда нанишаста, як линга себи ростомадаро гирифтаму ба роҳ баромада истодам.
Дере нагузашта, мошин ҳам омаду ман лингаро бар болои он бор карда, худам дар кабина дар паҳлӯи шофер нишастам.
Мошин бо ғурроси нофорами худ кӯчаҳои шаҳрро бесаранҷом карда гузашта, ба роҳи дашт баромад.
Дашти беҷон, ки офтоби бераҳми тобистон алафашро тамом сӯхта партофта буд, аз пештара ҳам бенуру бесафотар шуда буд. Осмон абр, ҳаво дам буд.

  • Нотоб менамоӣ, Ҳасанбой? – гуфта пурсид ногоҳ шофер, ки ба мисли аксари шоферҳои Зарчашма маро нағз мешинохт.
    – Не, ҳеҷ гап не... – гуфта ҷавоб додам ман.
    Аммо дар ҳақиқат худамро касал ҳис мекардам.
    Шаб то дер вақт хоб карда натавониста будам ва ҳоло сарам гаранг буд. Дар оиначаи пеши тирезаи кабина дидам, ки чашмонам суп-сурх шудаанд. Намедонам, аз бӯи бензин бошад ва ё аз гуруснагӣ (дина шаб ҳеч чиз нахӯрда хоб карда будам), ки дилам беҳузур мешуд.
пешина
аз 130
навбатӣ