Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай барои тафтишу назорат омада будааст.
– Ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки, – гуфт Султоналихон бо табассуми мутакаббирона, – мартабаашон калон бошад ҳам, ақлу идрокашон муносиби мартабаашон набудааст.
Тамоми баталонро дар саҳни ҳавлии хобгоҳ ҷамъ кардаанд. Он шахси калоншаванда ба сафи одамон нигоҳ карда, Султоналихон ва ришу мӯйлаби пайғамбаронаи ӯро мебинаду дар назди ӯ таваққуф карда, мегӯяд, ки: «Пиракӣ, ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» ва мепурсад, ки: «Ба чанд даромадӣ?».
Султоналихон бо шавқ давом дод:
– Намедонам, аз ғайб башорат шуд ё худ арвоҳи қиблагоҳи бузургвор, алайҳурраҳмата1, мададгор шуд, ки камина бе ҳеҷ фикру хаёл гуфта фиристодам, ки: «тавориш полковник, следуши месиц моя будит шисад два гӯд»2. Он кас,
– ҳамон рӯз говашон гӯсола карда будааст-мӣ, – ба ман дилаш сӯхта ва бо раҳму шафқат сар ҷунбонида гуфт: «Э, бабай...» Камина ҳам тасдиқ карда гуфтам, ки «Ҳа, тавориш, моя бобой, бобой!». Баъд он кас ба сардори баталон сиёсат карда гуфтанд, ки чаро одами пирро нигоҳ дошта гаштааст? Сардори баталон хеле дасту по хӯрда гуфт, ки «дар коғазҳояш синну солаш ҷавон нишон дода шудааст». Полковник ба ман тааҷҷуб карда нигоҳ карда буданд, ки камина бо ҳамон ҷасорату шуҷоат гуфтам, ки вақти паспорт додан хато карда, соламро хурд нишон додаанд. Дар хотимаи сухан: «Моя как ислепой, читать-писать неумей, аткуда изнай»3 гуфта будам, ки сад фоиз бовар карданду монданд.
Ана, чӣ мегӯед, ки ба самъи ҷанобашон арз кунам, рӯзи дигар ба дулдули оташнафас нишаста, «аз марҳаматҳот гардам, Худо» гӯён баромада омадан гирифтем.
Ин дафъа Одил чунон хандид, ки аз чашмонаш об ҷорӣ

  1. Ман баъд фаҳмидам, ки ин маънои он «аллайҳурраҳматӣ»-и Султоналихон «худо раҳматаш кунад» будааст.
  2. «Рафиқ полковник, моҳи дигар ман шастудусола мешавам».
  3. «Ман ба мисли як одами кӯр ҳастам, хондану навиштан наметавонам,
    кай медонистам».
пешина
аз 130
навбатӣ