ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо Султоналихон аз ҷумлаи он одамон набуд, ки банд кардани онҳо кори осон бошад.
Вай дар ҳамин ҷо ҳам худашро гум накарда, «ба миёни гап лагад назан, вай дарёи дигар аст, ука»-гӯён нақлашро давом додан гирифт.
Ман ҳам дигар гапашро аз пеши гӯшам гузаронида, ба фикру хаёлҳои худ овора шудам. Танҳо як бор Султоналихон боз диққати маро ба худ ҷалб кард, ки аз нақлу ривоят ҳам даст кашида, овозашро андаке паст карда бо оҳанги маҳрамона аз Одилмагазинчӣ пурсид:
– Бародар, пурсидан айб надорад, рост аст, ки коргарони ин ҷоро ба аскарӣ намегиранд?
– Бале, тақсир, рост, – гӯён тасдиқ кард Одилмагазинчӣ. – Ҳар киро, ки дар Зарчашмаи мо кор мекунад, ба аскарӣ намегиранд.
Султоналихон нафаси озодонае гирифта гуфт:
– Хайр, як ёру бародарӣ мекунетон-дия! Қаровулӣ-мӣ, фаррошӣ-мӣ – ҳар чӣ бошад, майлаш, ба ягон ҷо дароварда монетон! Мо ҳам, охир, ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки қарздор шуда намемонем...
Абдулатиф ошро кашида овард.
Пиёлаҳо бори дигар пур карда шуданд.
Абдулатиф гӯштро пора карда шуда, ба ҳама таклиф кард:
– Канӣ, гиранд, ош хунук шуд.
Меҳмонону мизбон дастҳояшонро ба табақ дароз карданд, аммо ҳам дасти ангуштонаш борик-борики заифу сафед, вале нохунаш расидаи Султоналихон, ҳам дасти фарбеҳу серпашм ва ангуштонаш калта-калтаи Одилмагазинчӣ ва ҳам дасти серрагу пай ва печон ва чун панҷаи гурба чусту чолоки Абдулатиф лаҳзае дар болои табақ шах шуда монданду баъд, якдонӣ ҳам биринҷ нагирифта ҳамчу море, ки сарашро гашта ба хонааш мекашад, оҳиста аз сари табақ дур шуданд.
Касе дар мекӯфт.
ДАР САРИ ДУРОҲА Ҳама ҳайрон шуда, ба якдигар нигоҳ кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё