Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва одамон барои тамошо ба Амонқутан мерафтанд, гӯё ки зиёратгоҳ бошад. Дар он ҷо русҳо, барои аскаронашон, табобатгоҳ сохта буданд, ва маҳалу биноҳойи он чунон озода ва хушнамуд буд, ки чашми бинанда нур мегирифт ва ба дилаш фараҳ медаромад; ва аскарони бемор аз гарнизонҳойи Самарқанд ва Тирмиз ва Кушка, дар ин ҷо табобат мегирифтанд; ва халқи таҳҷойӣ ҳавас дошт, ки як бор, бо ягон баҳона, ба саҳни он дарояд, рӯйи духтуронро бинад, болои кати симин бинишинад…
Ва губернатор дар Самарқанд бо бонкирҳо ва купетсҳо ва помешикҳо ва сармоядорон ба машварат нишаст, ки «кадом корҳоро кардед, кадом корҳоро накардед ва кадом корҳоро карданӣ ҳастед?» Ва онҳо гуфтанду ин шунид: – шохаҳойи роҳи оҳанро зиёд кардан даркор, ки доду гирифт осон шавад. Худатон як муқоиса бикунед, пештар аз ин ҷо пахта фиристонем, то ба фабрикаҳойи Русия баъди шаш моҳ, ва баъзан, баъди даҳ моҳ, мерасид. Акнун бо роҳи оҳан дар ду ҳафта мерасад. Дери дераш панҷ– шаш ҳафта вақт сарф мешавад… То омадани мо пахтаро ба мисли гандуму ҷав кишт мекарданд. Пахтаи америкойӣ умуман намекиштанд. Муллоҳошон фатво додаанд, ки «моли кофирон аст, ҳосилаш ҳаром аст». Ҳоло кишти ҷӯяро ҷорӣ кардем. Пахтаи америкойӣ ҳам мекорем… Шумораи бонкҳо, каму беш, дар афзоиш аст. Бахусус, бонкҳое, ки ба майдахоҷагиҳо қарз медиҳанд. Қарзи қариб, ки ҳасана…
Таҳҷойиҳо пунбаи пахтаро месӯхтанд. Ба ҷойи ҳезум. Акнун равған мекашанд…
Ва Амири Бухоро аҳли рикобашро дар Ширбадан зиёфат дод; ва ин зиёфатхӯрон, ки чунин даъватро боиси фахр ва обрӯву эътибор медонистанд, бино ба одаташон, ҳар кадоме пешкашу тӯҳфа оварда буданд, ки дасти холӣ рафтан айб аст; ва баъди зиёфат Амир нақдинаҳойи овардаро банд баста ба хазина супорид, ва одамонашро фармуд, ки молу матоъҳойи овардаро фурӯшанд ва пулро ба хазинадор бидиҳанд; ва дар хазина тилло ҷудо, нуқра ҷудо, дар саночҳо рах задагӣ, вале ба харҷ кардан дилаш

пешина
аз 435
навбатӣ