ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
сол аз амирони манғит, ғайр аз задаву гирифтан ва ҷавру ситам ва ришвахӯриву беадолатӣ, дигар чизе надида ва ваъдаи хуше нашунида буданд, омадани аскарони Абрамовро аз меҳрубониҳойи Худо донистанд ва «урус омад, дуруст омад» гуфтанду шодӣ карданд, ва маъракаҳойи зиёфат оростанд, ва ба аскарон ҷойи хобу дамгирӣ ва ба аспу хачирашон коҳу алафу ҷав доданд; ва генерал Абрамов дар зиёфатҳо аз боби ғамхорӣ ва ёрии Русия ба халқҳойи мазлум сухан гуфт; ва бекҳову пирони хирад, тарҷумаи суханҳойи ӯро аз забони Азизмурод шуниданд; ва барои генерал, аммо ба Азизмурод нигариста, изҳори итоату садоқат карданд:
– Шумо аз номи мо ба ҷаноби генерал гӯед, ки мо аз ин кас, аз замин то осмон, миннатдор. Боз гӯед, ки некие, ки ин кас ба мо карданд, ягон падар ба писараш накардааст.
Боз аз забони мо гӯед, ки Оқподшоҳ подшоҳи бузург аст, мо Оқподшоҳро ҳурмат накунем, киро ҳурмат мекунем?!
Ва Азизмурод, нарезондаву начаконда, тарҷима кард, ва генерал аз сафараш хурсанду қаноатманд буд; ва дар чорсӯйи Варзи Манор ва Оббурдон ва Сарвода, ҳамчун нишони давлати Русия, нозирон таъин карду ҷо дод, ки «қавли ин мардум чандон устувор нест, ва байни худ ҳам хусумати зиёде доранд. Зери назорат набошанд, бачаҳойи беадаб барин, ҷангу ҷидолҳойи беақлона карда мегарданд».
Ва генерал Абрамов, агар душвориҳойи роҳ – танг, ҷару ҷӯ, сангу харсанг, шаху регрез, обхезу пулҳойи вайронро, ки гузаштанаш сахт душвор буду зарарҳойи бисёре ба аскарон ва савории онҳо мерасонд, сарфи назар шавад, бемамониат то ба Искодакӯл рафт, ва аз он ҷо, аз болойи як ағба гузашта, ҷониби дарайи Киштут фуромад, ва дар нишебӣ ба муқовимати мусаллаҳона дучор омад, – мардони Артуч сар бардоштанд ва аз Киштут довталабон ба мадад омаданд; ва онҳо дар барози Артуч сангар сохтанд
– сангдевори баланду васеъе бардоштанд, ва камонҳойи думила, ки бо пахтапилта оташ медоданд, ва зоғнӯлу табар ба даст гирифтанд, ва дар камин нишастанд, ки «гузаштан намемонем, якта намонда қир мекунем»; ва ба муқобили тири пулемёт ва камонҳойи панҷтира се соат истодагарӣ карданд, ва аз ин зиёд дошт дода натавонистанд, ва гурехтанд ба ҳар тараф; ва дар барози Артуч одамону дарахтону буттаҳойи саршикаставу миёншикаставу маҷрӯҳ боқӣ монд; ва генерал ба ғазаб омад, ва дар поён, дар Зериҳисор, фармон дод, ки Қалъаи мирнишинро покпокиза сӯзонанд; ва худаш аз дур, то хокистар шудан, алангаи оташро тамошо кард: «Чашмашонро тарсондан даркор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё