ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Илм зӯрӣ кардааст, ақлаш халал дидааст»; ва номи он Одами соҳибфикр ба девонагӣ мебаромад ва механдиданд ба ҳолаш, чунон ки ба ҳоли Мирзоумеди табиб. Мирзоумед дӯкони саррофӣ ва саройи пахтафурӯшӣ ва сармояи дурусте дошт, ва ҳоли тиббу табобати замонро дида дилаш ба мардум сӯхт, ва дӯкону саройро фурӯхт, ва буду шуди сармояашро сарф карда ба Париж ва ба Теҳрон рафт, ва дар он ҷоҳо илми тиббу табобат омӯхт, ва ба Бухоро баргашта шифохона кушод, ва ин кораш ба Қозикалону Раис нафорид, – «Дар мулкҳойи фаранг гашта бедин шудааст. Мехоҳад ки ҳамайи мардумро бедин бикунад!» – ва фатво доданд барои хосу ом, ки шифохонае, ки Мирзоумед ин қадар таърифу тавсиф мекунад, дар ҳақиқат куфрхона аст; ва онро бастанд, ҷарима андохтанд, ва нақдина, ки надошт, ҳавлиашро фурӯхта пулашро худашон гирифтанд; ва Мирзоумед баъди се бор шифохона кушодан, ва баъди се бор бастани Қозикалон ва Раис, ва баъди се бор ҷарима додан, рӯзе дар тимҳо байни дӯконҳо тамошо мекард, ва бозориён ба Тифлис рафтани Амирро ҳар гуна шарҳу эзоҳ медоданд, ва аз шунидани он суханҳо аламаш тоза шуд, ва пеши роҳи шаҳнаро баст, ва дилашро холӣ кард:
– Амират сифлис шавад, барои табобат Тифлис меравад. Раъия куҷо равад?!
Шаҳна тозиёна бозӣ доронид:
– Девонагиро бас кун!
– Девона манам, ё туву амират?! Ту медонӣ, ки сифлис аз ифлосист?! Алҳол ҳамаи шумо ба ифлосӣ ғӯтидаед. Ба ифлосии ҷисмонӣ, ба ифлосии рӯҳонӣ, ба ифлосии нодонӣ, ба ифлосии хурофот, ба ифлосии… Қасидахониро табобат медонед. Аластро девбандӣ мешуморед. Фолбинӣ барои шумо ояндабинист. Ҳамаат гӯшҳо лаққа, ба дард аз онҳо даво меҷӯед. Ӯй аҳмақҳо! Ба илм бовар намекунед, ки мизоҷро шинохта, табобат мекунад. Аммо ба сафсатае бовар мекунед, ки «агар аз хамир зоча созед, ва гирди сари зан гардонида, аз байни поҳош гузаронида, шаб дар ҷогаҳаш хобонед, ва рӯзи дигар зану шӯ он зочаро бурда дар ҷое дафн бикунанд, зиёни бачахӯракаш аз байн меравад, ва минбаъд фарзандаш солим мемонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё