ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва корафтода, ки бачу качаш ду сол боз рӯйи гӯштро надидаанд, бовар мекунад, мераваду ҳамин корро мекунад, ва гӯштро фолбин мехӯрад албатта. Хоҷаи Хизр ва Хоҷаи Рӯшнойӣ дастгири ин ҳама табибу азоимхону фолбину афсунгару ғайбдон ҳастанд, ва арвоҳи пиру мазорҳо ба онҳо ёрӣ мерасонанд, ва чун ҳамеша дар рӯзи сахт мардуми заҳматкаш на дастгир дорад ва на мададгор.
Ва дар Самарқанд, дар дастгоҳи губернатор, мудири шӯъбаи тарҷума Виктор Куклин, ба Азизмурод таъна зад:
– Даҳанкалонӣ мекунӣ, ки мо фалон ҳастему меҳмадон будем. Лекин номи узвҳойи баданатонро намедонед.
– Яъне, чӣ тавр намедонем?
– Аз гардан боло ноҷӯрие бошад, мегӯед, ки сарам дард мекунад. Ноҷӯрие аз гардан поён бошад, мегӯед, ки дилам дард мекунад. Баданатон дигар узв надорад.
– Ту бехабарӣ аз тиббу табобати мо. Намедонӣ, ки «Алқонун»-и Абӯалӣ Сино ҳафтсад сол, дар донишгоҳи тиббии Аврупо, китоби дарсӣ будааст.
– Шунидам ҳамин хел як даъворо. Лекин ҳарчанд ба гирду пеш менигарам, ҳеҷ нишонае ба чашм намерасад.
Девона шавад, давояш банду занҷир, дойразаниву ҷаъркашӣ табобати касали саратон, табларза гирад, чорааш куфу суф, вабо биёяд, пешгириаш азони бевақт…
Одатҳое, ки аз замонҳойи ваҳшоният боқӣ мондааст.
– Ваҳшониятро кӯчманчиён оварданд. Аз саҳро барои ғорат омаданд ва маърифату маданиятро, ки ғоратро ҳаром медонад, поймоли аспу шутур карданд. То омадани онҳо ин хел набуд. Пеш аз омадани онҳо, ба илми тиб ва химия, ва алгебра бобоёни мо асос гузоштаанд. Тақвим ва спиртро бобоёни мо ихтироъ кардаанд…
– Асос гузоштанд, ихтироъ карданд… Натиҷааш канӣ?
Чӣ шуд, куҷо рафт?! Замин кашид, ба осмон баромад?
– Муҳити фазлу дониш аз байн рафт. Ба ҷояш муҳити ҷаҳлу ҷаҳолат омад. Кӯчиён коре, ки метавонистанд, ҷангу ғорат буд. Ҷангу ғорат мудаввом, ки шуд, фарҳанг ба фаромӯшӣ рафт. Китобхонаҳо сӯхт. Китобҳо ба тасбеҳ надаромад, – намехонданд, дарс намедоданд, тарғиб намекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё