ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ҳоло дар Бухоро гаштааст. Бори аввал ошкор ва озод ва ба ҳар ҷое дилаш хоҳад, меравад, ва ёд меоварад, ки дусад сол пеш, дар замони Пётри Кабир, нахустин фиристодаи ӯ ба Бухоро, дастури махфӣ гирифта буд, ки «Ҳар қадар ки метавонад, роҳҳойи Шарқро омӯзад. Роҳҳойи заминӣ ва обияшро аниқ бикунад.
То ҷое имкон дорад, савдойи моли русро вусъат бахшад.
Тавонад Амирро розӣ бикунад, ки Бухоро бо Русия шартномаи ҳарбӣ бубандад. Агар Амир майл дорад, Русия аскар мефиристонад, дар қатори сарбозони хосааш нигоҳ дорад.
Фаҳмад ки кони тилло чӣ қадар ва дар куҷоҳост». Баъдҳо низ гаштану дидани ин кишвар пинҳонӣ буд. Агар фош мешуд, мекуштанд, ва раҳм кунанд, ба ҳабсхона мепартофтанд. Ҳоло замона дигар шудааст. Муносибатҳо дигар шудааст. Имрӯз сайёҳолимони русро Амир худаш пазиройӣ мекунад. Қушбегӣ ёрӣ мерасонад, ва ҳокиму бек роҳбалад медиҳанд, ки «меҳмонони азизанд». Ва меҳмонони азиз ҳаваси дидани мазори Баҳоваддини Балогардон карданд, ва шаҳна пеш даромаду ба он ҷо бурд, ва тамошо дод:
– Болойи бомро бинед. Дар сари ходаҳо шохи гов ва шохи гавазн. Рамзи қудрат ва шаҳомат. Аз муқаддасоти мазор ва мулк.
Сипас, ба лаби ҳавз бурд:
– Оби муқаддас. Ба саду як дард даво. Як бор оббозӣ кунед, гуноҳи садсолаатон мерезад.
Меҳмонони азиз ба оби ҳавз нигаристанд, – нофармон, ба дарунаш карасин рехтагӣ барин, чиркин, дилнокаш, – табъашон хира шуд, вале сир бой надоданд, зеро таълим гирифта буданд, ки «ҳар неку баде бубинед, ҳиссиётатонро зоҳир накунед, урфу одаташонро пос доред, ба бинишу донишашон эрод нарасонед, бо сабру таҳаммул ба дилашон ҷо гиред, фардо ин ҳама ба корҳойи мо ёр мешавад», ва ба оби ҳавз даромада пок шуда, баромаданд; ва шаҳна бибурд онҳоро ба хонақоҳи сӯфӣ, ва меҳмонон диданд, ки як тӯда ҷандапӯш, дар сар саллаҳойи хурду калон, росту нимхез, ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё