ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Зан зери шохҳо даромад ва Ҳоҷӣ чорғобак шуд, пахш кард, ва зан дасту по зад: «Нарасед, нарасед, ман насиби Амирам ҳастам». Ва Ҳоҷӣ Тӯра кашу паркашро давом дод: «Ман доштам, ҳозир Амир манам!»…
Ва бегоҳирӯз онҳо, зану мард, шоду мағрур, ба Арк баргаштанд. Ваҷоҳате доштанд, ки гӯё дар пойга ё бузкашӣ ғолиб омада бошанд.
6 Амриддини бозоргон чорбозоргард буд, ҷаҳонгард шуд – дуртар аз Бухоро кораш ривоҷ гирифт; ва дар Фарғона ва дар Қазон дӯкон кушод, ва ба Маскав, Берлин ва Париж рафту омад дошт; дар ҳар ҷое тартиби хубе, муомилаи хуше, кӯчаи озодае, иморати боҳашамате, сайргоҳи оростае, меҳмонхонаи муҷаҳҳазе, ҳаммоми тозае, фабрикаи калоне, мошини наве, қатораи равоне бинад, хаёлан аморати Бухороро пеши назар меовард, муқоиса мекард ва ғусса мехӯрд; «сабаби ин ҳама ободӣ ва он ҳама вайронӣ дар чӣ бошад?; дар ин ҷо мардум чӣ корҳои хуб мекунанд ва дар он ҷо мардум чӣ шуғлҳои бад доранд; дар ин ҷо маданияти зиндагӣ ба кадом дараҷаҳо боло рафтааст ва дар он ҷо то чӣ дараҷаҳо паст аст; ин ҷо ҳам ҷои зисти одамон аст, он ҷо ҳам одамон зист доранд, вале яке ба ин беҳрӯзӣ, дигаре бад-он бадрӯзӣ; дар ин ҷо одам озод, дар он ҷо одам ғулом… Ба кадом тарафе нигоҳ бикунӣ – хоҳ шаҳр бошад, хоҳ деҳа, ва хоҳ мулкдорӣ бошад, хоҳ рӯзгордорӣ, аҳвол ҳамин. Айби кӣ? Айби чӣ? Айби худамон? Айби Амиронамон? Айби Худоямон?
Тавба кардам!.. Ин дардҳоро ба кӣ мегӯӣ? Аз куҷо дармон меёбӣ?» Ва ӯ дар матбуоти он давлатҳо мақолае хонад, ки аз ноободии Осиёи Миёна ва аз беҳуқуқии мардуми он нақл бикунад, дар аввал як лаҳза хуррамие ба дилаш медаромад, ки «хуб фош кардаанд, шармандагияшонро баровардаанд»; вале баъд хиҷолат мекашид ва аламаш тоза мешуд: «ба ман ҳам дахл дорад!…»
Матбуоти рус аз ҳаёти Осиёи Миёна гоҳ-гоҳ хабар чоп мекард, аз бобати вайронӣ ва душворгузар будани роҳҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё