Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва як рӯзи гарми тобистон панҷсад ҷавонмарду миёнасол ба Қалъаи нав, ба дари қозихона омаданд ва аз қозиву пристав талаб карданд, ки «Ҳаромкорӣ накунед! Одамонро холисона ба рӯйхат гиред!
Ба пулдору бепул ва ба соҳибдору бесоҳиб ҷудо накунед!
Мо аз кори шумо розӣ нестем!» Ва қозиву пристав худро канор гирифтанд ва ба сардори уезд ҳавола карданд, ки «равед додатонро дар ҳамон ҷо гӯед. Мо як одамони хурд. Ҳар чӣ гӯянд, ҳамонро мекунем». Ва мардон роҳи бозори Чоршанбе, роҳи идораи уездро пеш гирифтанд, ва дар роҳ, аз ҳар кӯчаву паскӯча одамон баромада, ба онҳо ҳамроҳ шуданд, ва ҳангоме ки ба идораи уезд расиданд, анбӯҳашон аз ҳафт ҳазор зиёд буд. Бинойи идораро аскарон посбонӣ мекарданд, – ду нафар дар дами дарвоза ва шаш-ҳафт нафар дар зинапояву дари даромадгоҳ ва панҷ-шаш нафар дар болойи бом. Ва раиси уезд, дар иҳотаи чанд маъмури дигар, ба айвончаи ошёнаи дуюм баромад. Ва карнай пеши даҳан гирифт ва гуфт:
– Хизмати ҳарбӣ кори маҷбурист, ихтиёрӣ нест. Хоҳед ҳам меравед, нахоҳед ҳам меравед. Беҳуда худатонро азоб надиҳед ва шаҳрро ноором накунед. Ба хубӣ баргардед ва ба хонаҳоятон равед. Аз ин ғавғойи шумо ҳеҷ мурод ҳосил намешавад.
Ва аз ҳар ҷойи издиҳом садоҳо баланд шуд:
– Рӯйхатро нав кунед. Холисона кунед.
– Мо ба хизмати маҷбурӣ намеравем.
– Мо бо касе ҷанг накардаем. Ба ҷанг ҳам намеравем.
– Он рӯйхатро даронед. Аз нав ба рӯйхат гиред…
Ва раиси уезд овозашро баландтар кард:
– Мардум! Ба гапи ҳар хел иғвогар наравед. Ба зиндагӣ бо чашми кушода нигаред. Маслиҳат ҳамин, ки пароканда шавед. Хона ба хона равед. Аз талабҳойе, ки иҷро намешавад, даст кашед. Кори давлат бозича нест, ки дар кӯча, бо балво ҳал бикунед. Ба хости Худо ва ба хости давлат тан додан даркор. Хона ба хона равед.

пешина
аз 435
навбатӣ