ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳукумат, бо тамоми қувваташ, муқобил меистод, ва сариштаву ором карда наметавонист. Ва сокинони Империя ҷудо шуданд ба ду синф – синфи ҳукмрон ашрофону молдорон ва синфи мазлум коргарону бекорону бенавоён; ва яке ҷаҳд дошт, ки сиёсату тартиботи мавҷударо нигоҳ дораду мустаҳкам бикунад, ва дигаре бо азму ҷазм бархеста буд, ки куҳнаро барҳам занад ва тарҳи нав барандозад, ва ҳар ду тараф умеду такия ба пуштибонии мардуми ъомӣ дошт. Ва то алҳол ин тоифаи сершумори ъомиро касе қатори одам намешуморид ва будану набуданашро писанд намекард; ва акнун, ба масал, «садаспаро ба якаспа кор афтод», – барои ҳимояи мансабу мақом ва фабрику зовуд ва замину ҳосил, ба онҳо ҳамин ҷандапӯшон даркор шуданд, ва рӯйи эҳтиёҷ ба «фалакзадаҳо» оварданд; ва ҳамон бекорсарсонҳо ва ҳамон ҷафокашу таҳқирдидаҳо ба даъвати онҳо, Худо медонад дар ин ҳазорсолаҳо бори чандум бошад, ки бовар карданд, – «Ватан дар хатар!», ва бархестанду силоҳ ба даст гирифтанд ва бархӯрданд бо онҳое, ки пештар бархеста буданд, ва ҳадафашон озод кардани мазлумон аз дасти золимон дар рӯйи ҷаҳон буд, ва ҳизбҳойи инқилобӣ онҳоро ба муборизаи беамон ба зидди муфтхӯрон бармеангехтанд, ки «соҳиби молу мулк шумоед, ва шуморо, ғайр аз қувваи бозуатон дигар ҳеҷ қуввае, аз маҳсият озод нахоҳад кард, ва аз як гиребон сар бароред, ҳақро ба ҳақдор расонед, ва халқу мулкро наҷот бидиҳед, ва ғофил намонед, ки ояндаи Ватан дар хатар аст!». Ва ҳар ду ҷабҳа дар фаҳмиши худ устувор буданд, ва ҳар ду ҷабҳа шаккеву шубҳае надоштанд, ки маҳз онҳо сипари Ватан ҳастанд, ва ҳар ду ҷабҳа ҳеҷ аниқу дақиқ собит карда наметавонистанд, ки кадом ҷабҳа соҳибватан асту кадом ҷабҳа беватан…
Генерал-губернатори ба ном кишвари Туркистон ба номи вазири дохилии Русия шикоят навишт, ки «ташвиқгарони инқилоб шаҳру деҳро фаро гирифтаанд. Ба ҳама ҷо, ҳатто ба идораҳойи маъмурӣ, сар даровардаанд.
Халқро ба шӯр меоваранд. Силоҳ медиҳанд. Ба майдонҳо мебароранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё