ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Гузашт. Лекин пурра не. Сапёрҳойи Тошканду Хуҷанд. Боз ду-се рота. Аскарон асосан тарафдори мо.
Танҳо казакҳо муқобил. Аҳволи шумо чӣ тур аст?
Самарқанд:
– Аскарони роҳи оҳан фаъол. Баталиони тирандоз дудила. Байни халқ шӯру валвала. Қалъаро гирифтем. Шумо чӣ, қалъаро гирифтед?
Тошканд:
– Мегирем. Муҳосира кардем.
Самарқанд:
– Сахаров пинҳон шуда бошад, дар қалъа кист?
Тошканд:
– Дар қалъа казакҳо. Баталиони захираро дар казармаашон ҳабс кардаанд. Баталион силоҳ надорад. Вале рӯҳашон бақувват. Марселеза мехонанд. Боз ротаи крепостнойҳо дар ҳамон ҷо.
Ва гумоштайи Русия дар Бухоро ба губернатори ҳарбии Самарқанд мактуби маҳрамона навишт, ки «тоҷикон аз Самарқанду Фарғонаву Тошканд ба тарафҳойи Бухоро тез-тез ва бисёр меомадагӣ шуданд. Аз Бухоро силоҳ мехаранд. Ошкору пинҳон ҳамроҳашон мебаранд. Мегӯянд, ки дар Самарқанд хонае нест, ки тиру камон ва револверу шамшер надошта бошад. Дирӯза худаш дар роҳи оҳани Бухоройи нав Комили Алӣ ном хуҷандиро доштанд, ки бисту се револвер ва ду ҳазору яксаду ҳафтоду панҷ тир харидааст. Мехост ба Хуҷанд барад».
Ва пешу қафо дар Тошканду Самарқанд инқилоби коргарон ва аскарон ва деҳконон ғалаба кард, чунонки андаке пештар дар Петербургу Москва ва Киеву Волгоград ғалаба карда буд.
Ва дар Вся Русия тартиботи давлатдории подшоҳӣ барҳам хӯрд. Ва тартиботи давлатдории сотсиалистӣ ҷонишини он шуд, ки шӯроҳо, – шӯройи инқилобӣ ва шӯройи коргарон ва шӯройи аскарон ва шӯройи деҳқонон ҳокимиятро соҳибӣ карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё