ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Москов қарор баровард, ки аз Москову Ленинграду Тошканд, барои ёрӣ додан ба Душанбе, кадрҳойи боихтисос фиристонанд; ва Муродгул як нафаре аз онҳо буд, ва дар кумитаи марказии комсомол кор мекард.
Ва поезди комсомолдухтарон бо шиори «Бо белу каланд вайронаҳои Сталинградро обод мекунем, чунонки аскарон бо тиру камон аз дасти душман озод карданд», ба роҳ даромад; ва овозаи ташаббуси духтарони Сталинобод, қад-қади роҳи оҳан ба истгоҳҳойи хурду вокзалҳойи калон, як соату ду соат, нимрӯзу як рӯз, ду рӯзу се рӯз пеш аз омаданашон ба гӯши шаҳрчаву шаҳрҳо мерасид; ва ин духтаракон, комсомолонро, пешвоз мегирифтанду гусел мекарданд бо нону намак, бо мусиқиву рақсу суруд, бо дуои неку дастафшониҳойи мавҷ ба мавҷ.
Ва ҳанӯз ҷанг тамом нашуда буд, ва касе ҳам намедонист, ки кадом солу кадом моҳу кадом рӯз ба охир мерасад ин муҳорибаҳойи хунрезиву оламсӯзӣ, фақат ҳаминаш маълум буду рӯи ҷаҳон медонист, ки ба ҳамон шасте, ки рӯзи аввали ҷанг ва соли якуми ҷанг фашистон ба хоки СССР даромаданду дастболойӣ доштанд, акнун армияи сурх бо ҳамон шасту бо ҳамон суръат ба хоки тарафдорони Германия ва худи Германия даромаданд ва дастболойӣ дорад.
Ва аз Сталинобод то Сталинград Муродгул бо духтаронаш ҳар рӯз се бор ахбори Совинформбюроро мешуниданд,
– дар вагонҳо радио буду аз вазъи муҳорибаҳо ва ғалабаҳойи пайдарпайи лашкари шӯравӣ хабар медод; ва дар бозгашт Муродгул худаш танҳо буд ва рӯзи дароз аз радиои вагон хабарҳо гӯш мекард аз ғалабаи халқи шӯравӣ ва таслим шудани Германияи фашистӣ; ва дар вокзалҳо рӯзномаҳо мехариду мехонд, ки пурпури қаҳрамониҳо ва лабрез аз ифтихору шодиву нишот буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо