ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва матоъе мебофт мебоист бадошт бошад ва мӯзае медӯхт, бояд, ки дар як-якуним сол намедарид, ва табар вазне дошт, ки кундаро мекафонду мӯҳрааш намешикаст, ва трактор даҳ– понздаҳ сол кор мекарду баъд ба таъмир мерафт…
Ҳукумати камбағалон буд ҳокимияти шӯравӣ, ва мақсади сиёсати давлатдориаш чунон буд, ки камбағали пешина, имрӯзу фардо дигар камбағал набошад, ва бечораҳое, ки аз дасти ситамкорону ҷабри фалак ба дод омаданду сурудҳойи шикоятӣ мехонанд, минбаъд бидонанду бикунанд, ки ситамкашӣ аз ҷаҳолати худашон аст, ва ҷабру зулмро худашон бо дасти худ аз сарашон дафъ бикунанд, ва сурудҳойи шодмониву сурурбахш бисароянд.
Ва ҳар андозе, ки давлат аз халқ мегирифт, барои эҳтиёҷи халқ сарф мекард, – кӯчаҳойи дар тобистон пурхоку дар зимистон пурлойи шаҳрҳо сангфарш ва ё мумфарш мешуд; пайраҳаҳойи танги харгузар ба роҳҳойи васеъи мошингузар табдил меёфт, ба ҷойи ҷувоз зовуди равған, ба ивази осиё комбинати орд, ба ҷойи хумдон заводи хишт, ба ивази чарху дук фабрикаи ресандагӣ сохт; барои кӯдакон боғча, барои бачаҳо мактаб, барои ҷавонон донишгоҳ, барои омма китобхона месохту мекушод; касбу кор ҳисобу китоби пешакӣ дошт, ки дар куҷо, ба кадом ихтисос, чанд нафар мутахассис даркор, ва мутахассисро мехононду мефиристонид ва ӯ мерафт ва ба кадом ҷое, ки равад,ҷойи кор ва ҷойи хобаш тайёр буд; орду равғану намаку гӯгирду собунро оварда дар ҳар гузари шаҳр ва дар ҳар як деҳа, дар магазин муҳайё нигоҳ медошт; аз Душанбе ин тараф то Ашт, он тараф то Панҷ, ин тараф то Ҷиргатол, он тараф то Мурғоб, ҳар рӯз як бор-ду бор самолиёт мепарид…
Ва афсонаҳо ранги воқеъӣ мегирифтанд.
Ва орзуҳойи дерина ба амал меомад.
Ва сотсиализм зина ба зина сӯйи коммунизм мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо