Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар буд, мардум бо ягон ном ёд мекарданд, ё намекарданд?
Ва дар дигар бобатҳо Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар байни понздаҳ ҷумҳурӣ, ҳатто аз бобати истифодаи об ҳам, ҷойи охиринро гирифт, ва дар ҳамин мавқеъаш устувор меистод.

26.04.09
Дафтари чорум

ХАРОБ ШУД ОБОДИҲО

1 Ва Идеология комил буд.
Ва идеологҳо, аз сол ба сол, ноқис мешуданд.
Ва кам касе ёфт мешуд, ки ба ғаври ноқисиҳо сарфаҳм биравад, зеро ки алҳол, дар яклухтии яклухтӣ, корҳо ба тавре мерафт, ки барнома ва хости ҳизби коммунист талаб мекард; ва гӯё хурду резаҳо чандон аҳамият надошт, – дар ин шоҳроҳ санги сари роҳ шуда наметавонист.
Ва Муродгул имрӯз, ба мисли ҳама рӯзҳойи се соли кораш дар вазифаи раиси кумитаи иҷроияи вилоят, субҳи барвақт аз хоб хест, ва нонушта кард, ва мӯзаи сариаш лата пӯшид, ва ба мошини «лӯхкабой», ки ҳукумат бо ронанда ба ихтиёри ӯ додаст, ва доим нимободу нимвайрон аст, савор шуд ва ба роҳ даромад. Ва шаб пеш аз хоб хаёлан нақша кашида буд, ки фардо бояд ки ба куҷоҳо биравад ва киҳорову чиҳоро бубинад. Ва аввал рафт ба обанбори шаҳр, ки об аз он ҷо тақсиму таъмин мешуд, ва шикоят омада буд, ки чанд вақт боз дар ду-се гузар об нест; ва тафтиш карду дид, ки обанбор нуқсе надорад, – дарғотҳо бедарзу шикоф ва мурватҳо солим ва оби наҳр мувофиқи меъёр медарояду мебарояд, ва нозирон касби худро медонанд ва лаҳзае аз назорат фориғ нестанд, ва пас сабаб чӣ будааст?
– Сабабаш ба мо маълум нест, – гуфт муҳандис. – Касе шикоят ҳам накардааст.
– Сабабашро кӣ бояд бидонад?! Ман!? Сабабашро маълум бикунед. Корро то ба шикоят нарасонед.
Зиндагии мардумро душвор накунед, осон бикунед. Вазифаи мову шумо ҳамин.

пешина
аз 435
навбатӣ