Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва мусаллаҳ мешуданд, – Америка дар Аврупойи ғарбӣ ва обҳойи мутааллиқ ба он, ҳафтсад пойгоҳи бурдану партофтани бомбаи атомӣ сохт, ки самолиёт – бомбапартоҳойи Ғ-111, Ғ-4, Ғв-111, А-6, А-7 дошт; ва Англия чаҳор киштии атомии зериобӣ бо шасту панҷ мушаки Полярис ва панҷоҳу панҷ бомбапартойи Вулқон, ва Франса панҷ киштии зериобии атомӣ бо ҳаштод мушак ва чиҳилу шаш бомбапартойи Мираж дошт, ва ба Иттиҳоди Шӯравӣ таҳдид мекард; ва шабакаҳойи пурқуввати радио ва газетаву маҷаллаҳойи зиёде, ва ҷосусони ҳавоийу заминӣ, ба муқобили тартиботи сотсиалистӣ ташвиқоти забонӣ ва пуливу молӣ мебурд.
Ва Иттиҳоди Шӯравӣ ғофил набуд албатта…
Ва Муродгул ҳам дунёбехабар набуд, – аз ҷиҳати ҳарбӣ, ба хусус баъди дар Съезд ширкат кардан, дилаш пури пур буд, ки ҳар касе ба сари СССР даст бардорад, дасташро мешикананд, ва ҳар касе як тир парронад, ду тир ба синааш мезананд, ва мушаке бо бомбаи атомӣ сар диҳанд, дар ҳаво, ба замин нарасида, зада титу пора мекунанд; валекин масъалаи тарғиботи идеологӣ дигар аст, – дар ин бобат ба душман дастак додан лозим нест, ва коммунист, ки дилу дидаи халқ аст, ҳар камбудие, ки ҷой дорад, ва боиси мазаммати душман мешавад, сари вақт бояд ислоҳ бикунад, ва рафтору кирдораш хирадмандона ва ҳатман ба фойидаи ҷомеъа ва орзуву ормони заҳматкаш бошад, ки дилмонда нашавад. Ва дар маҷлиси аъзоёни Кумитаи марказии ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ, ки ҳаёту мамоти мардум бастаи раводид ва қарори онҳо буд, ва онҳо бо либоси озода ва галстук бастагӣ ва риш тарошидагӣ ва хомнависи қарор наздашон рӯйи миз мондагӣ ва қалам дар даст, бо виқор нишастаанд, ва маърӯзаи котиби идеологии кумитаи марказиро гӯш мекунанд; ва котиб матни дасташро, дар ҳаҷми панҷ саҳифаи чопӣ, ба забони русӣ, бурро хонд, ва мазмуни мухтасараш чунин буд, ки «мухбир Мухтор Одинаев директори совхози «Ғалаба», қаҳрамони заҳмати сотсиалистӣ Ҳайдар Одиловро дар мақолааш танқид кардааст, ки арзу ниёзи коргаронро гӯш намекунаду ба инобат намегирад, ва дусола музди кори онҳоро надодааст, ва он маблағро сарф кардааст ба сохтмони як қасри боҳашамат, ва агар идораи худи директору хазинадорашро истисно бикунем, дигар хонаҳойи ин қаср доим холӣ ва бекор аст ва ба мардум ҳеҷ хел манфиате намерасонаду надорад.

пешина
аз 435
навбатӣ