ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳамаашон ба ошхонаи хосашон чоштхӯрӣ рафтанд,
– котиби якум, раиси шӯройи вазирон ва раиси шӯройи олӣ дар як хона ва дигар аъзоён дар як хона. Ва ҳангоми тановули таъом Котиби якум луқма партофт:
– Муродгул Рӯзимуродовна, аз афташ, пир шудааст.
Вақтҳойи охир моҳияти қарору дастурҳойи ҳизбро дуруст сарфаҳм намерафтагӣ шудаст.
– Осори пирӣ ҳам ҳаст, – тасдиқ кард раиси шӯройи вазирон, – хуни меросӣ ҳам дорад. Падараш ҳам худаш барин буд.
Ва раиси шӯройи олӣ, дар ҳолате, ки дулунҷа нон мехоид ва луқмаи даҳонашро нимхойда фурӯ мебурд, бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд, – «дуруст мегӯетон!»
Ва дар хонаи дигар Абдусалом Ҳабибов, прокурори генералӣ, ба нияти дилбардорӣ, дар мизи Муродгул нишаст,
– вай ҳанӯз аз давраҳойи комсомолӣ бо Муродгул ҳамкориҳо дошт, ва ҳарчанд ки шартакигӯйиҳои ӯро чандон намеписандид, вале эҳтиром дошт ва ҳурмат мекард барои одами ҳалолу якрӯ буданаш, барои аз ҳақиқати ҳол чашм напӯшиданаш, барои дилсӯз буданаш ба ғояҳойи коммунизм, – ва ҳоло мехост вайро тасалло бидиҳад ва дарду аламашро камтар бикунад:
– Шумо ҳаққи гапро гуфтед, мағзи гапро гуфтед, лекин…
– Лекин шунидани гапи ҳаққу мағзи гап ба шумо маъқул не.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо