Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо ноаён, вале пайгирона, бо худсарӣ ва худдонамии мансабдорон, ришвахӯрӣ ва ба бемаслакии онҳо, роҳ хоҳем кушод.
Қоғазбозӣ ва дӯлобкории онҳо ҳамчун кордонӣ ва накӯкорӣ таърифу тавсиф хоҳад шуд… Инсофу поквиҷдонӣ ва некиву накӯкорӣ корҳойи беҳуда, беарзиш ва ба ҳеҷ кас нолозим мешавад ва ба хурофоти замони ҷоҳилия табдил хоҳад ёфт…Маънавиятро решакан, заминаҳойи ахлоқи маънавиро фосид ва нобуд хоҳем кард. Мо ба мардум аз кӯдакиву наврасӣ сару кор мегирем, асосан ба ҷавонон умед хоҳем баст… Мо аз онҳо касони беору номус, разил, ватанбезор ба воя мерасонем».
Ва ин барнома, аёну ноаён ва шабу рӯз, кор мекард, – ба воситаи матбуоту нашриёту радиову кинову суруду мусиқиву рақс, ва ба воситаи харидани ақлҳову истеъдодҳову ҳунарҳо; ва пулу молу вақтро дареғ намедоштанд.
Ва рӯзгори воқеъии халқҳойи Иттиҳоди шӯравӣ, аз панҷсола то ба панҷсола, ба ин барномаву маблағҳойи ҳангуфту дастгоҳҳойи абармуқтадираш, ғизову дастгираки бештар аз пештар медод.
Ва аммо нақшаҳойи панҷсола зиёду барзиёд иҷро мешуд, ва шумораи пешқадамон ва Байрақҳои Сурхи Сайёр ва ордену медалҳо ва Қаҳрамони заҳмати сотсиалистӣ ҳам зиёд мешуд; ва дар панҷсолаи якум шахсони алоҳида, ки дар ҳақиқат беҳтар аз дигарон кор кардаанд, ҷоизаҳо ва ордену медалҳо гирифтанд, ки ҳаққи ҳалоли худашон буд; вале дар панҷсолаи дуввум андаке ғиромӣ роҳ ёфт, – маъмурони ҳуҷҷатгузор, дар қатори одамони арзанда, номаълум карда, боэҳтиёт, номи одамони худашонро дароварданд; ва чунин найранг фош нашуд; ва дар панҷсолаи саввум натарсида, дилпурона, шахсони дилхоҳашонро пешниҳод карданд ва бемалол аз комиссияҳо зина ба зина гузашт ва онҳо номдору ордендор шуданд; ва дар панҷсолаи чаҳорум хешу таборӣ ва ҷӯрабозӣ ба мадди аввал баромад ва боиси он шуд, ки байни мансабдорони хурду калон хунукӣ афтод ва онҳо ба маҳалҳо ҷудо шуданд, ки «чаро аз мо неву аз онҳо орден мегирифтааст?!»

пешина
аз 435
навбатӣ