Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҷаҳл чашмони Амир хун гирифт:
– Худо аз мо рӯ гардондааст. Хоҷа Баҳовуддини Балогардон дастгирӣ намекунад.
Муншии пир ба ҳакам табдил ёфт:
– Дуруст мекунад. Мехоҳед Худоро ҳам фиреб диҳед?!
Бидонед, Худо раияи ҷандапӯшу шикамхолии Бухоро нест, ки ин ҳама ҷабру ситамро нодида бигирад. Мисли зарбофтпӯшу саллакалону шикамдамони атроф ҳам нест, ки ҳар қабоҳатро каромат нишон диҳад. Шумо, ки аз бандагони Худо рӯ гардонидаед, чаро Худо аз шумо рӯ нагардонад?
– Баред ӯро! Баред, чордарон кунед!..

11 Генерал – губернатор қасди фатҳи Дизакро дошт, ки дарвозаи Самарқанд аст, ва Амир ҳам умед ба қалъаи Дизак мекард, ки душманро шикаст диҳад, ва пеш кунад то Оренбург; ва муҳофизати ин қалъаро вогузор намуд ба яке аз авлодони худ Охунди Калон, ва ин Охунд на одами ҳарбӣ буд ва на илми ҳарбро медонист, вале Амир ба садоқаташ шубҳа надошт, – ба шахси ӯ содиқ бошад, ҳунараш муҳим нест! Ва даста-даста сарбоз мефиристонид аз савораву пиёда; ва гурӯҳи роҳгумзадаи Рӯзимуроду Дӯсти дегрез, ки саводи самти роҳро муайян кардан надоштанд, ва дуним рӯз аст, ки дар биёбон бесару сомон мегаштанд, ва се ҳамроҳашонро зери рег дафн намуданд, ва аз зиндагӣ ноумед буданд, тасодуфан бо як даста сарбози пиёдагард вохӯрданд, ва ҳамроҳи онҳо ба Дизак омаданд.
Дар қалъаи Дизак сарбозон аз дарун ва беруни девор хок меканданд. Охунди Калон фармуда буд, ки девори қалъаро гирдогирд хокрез бикунанд, ҳама роҳҳои дарову буроро банданд, ки ягон ҷондор даромадаву баромада натавонад; ва дарвозаву дару даричаро маҳкам мекарданд.
Охунди Калон гирди девори қалъа давр зад ва мустаҳкамии хокрезро дид, ва хушаш омад:
– Душман сад сол зӯр занад ин қалъаро гирифта наметавонад.

пешина
аз 435
навбатӣ