Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рамаи гӯсфанд дар оғили танг барин, хира кашида, якдигарро тела дода, зер карда, ҷои гурез меҷустанд; ва элнавкарон – ихтиёриёни дар асл иҷборӣ, часпида ба девор мебаромаданду меғалтиданд; ва ҳар боре, ки гулӯлаи тӯп гулдуррос зада кафад, чорғобак хобида сарашонро дудаста медоштанд; ва аскари рус ба қалъа даромад ва найзаҳо ба бадан халидаву мебаромад; ва эликбошии боли рости қалъа, деҳқони машқи ҷанг надида, ки «ҳамсояҳо ба ҷанг мераванд, ман наравам шармандагист» гӯён аз номус ба ғазо миён баста буд, болои боми пастаке баромад ва туфангашро болои сар бардошт ва наъра кашид:
«нагурезед, тир кушоед!», вале бонгаш, ғайр аз гӯши худаш, ба гӯши каси дигаре надаромад; ва ӯ аз бом ҷаҳида фуромад ва дари хонаеро тела дод, кушод ва дарун даромад, ки шинак гирад; ва бисту се элнавкар аз дунболи ӯ ба ҳамон хона даромаданд ва диданд, ки ин бино борутхона будааст; ва ҷо-ҷо девори сутункориро шикофтанд ва камин гирифтанд; ва сиву чор соат ба муқовимат истоданд ва чандин салоте, ки рӯ ба рӯ омад, ба замин хобониданд, ва шаш нафар талафот доданд; ва тирашон тамом шуд– дар анбор як хирман борут, дар даст як тир ҳам нест; ва дар берун аскарҳо, ки онҳоро нишон гирифтаанд; ва эликбошӣ ба ёрон рӯ овард:
– Асбоби ҷанг надорем. Касе хоҳад, ихтиёраш, таслим шавад, айб нест. Ман ин борутро метарконам… бо худам!
Ва ҳабдаҳ нафар силоҳдори бетир дар паҳлӯи ӯ истоданд, ва ҳамаашон болои хирмани борут баромаданд ва гӯгирд заданд…
Ва аз ин номусдорӣ ва фидокории онҳо дар аморати Бухоро касе ёд накард, ҳарфе нагуфт, ва онҳо гумном монданд – ҳам дар замони худашон ва ҳам баъд аз он; вале Охунди Калон, ки аз хешони Амир буд, чун «шайхи шаҳид» шӯҳрат ёфт, ки «дар роҳи дифоъи дину имон қурбон шудааст», ва мазорашро зиёрат мекунанд.
18 октябри соли 1866 қалъаи Дизак ба тасарруфи русҳо даромад ва онҳо асири бисёре гирифтанд, ва маҷрӯҳонро табобат карданд, ва мақтулони саҳну гирди девори хокрези қалъаро гӯрониданд ва шаҳидони даштро ба ихтиёри шағолу зоғон гузоштанд…

пешина
аз 435
навбатӣ