Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

13
Шаҳри Самарқанд дар дами бало меистод ва сипоҳиён
дар мавзеи Чӯпонато истеҳком месохтанд, ки дами балоро
бигиранд; ва дар дӯкону бозорҳо хӯрданиву пӯшиданиву
сӯхтаниву шустанӣ ду-се баробар қимат шуд; ва Амир ба
шаҳр наомад ва мададгорон нафиристонид; ва аз Кармина
ба Бухоро, Шаҳрисабз ва Бойсун ҷосусҳо равон кард, ки дар
ақибгоҳ шӯрише барнахезад; ва Ашӯри Понсад аз усули
ҷанге, ки Амир дошт, сахт ба танг омад ва аз зафар дилаш
хунук шуд, ва сарбозонашро гирифта ҷониби Ғузор рафт, ки
«агар бахт мадад бикунад, ба ҳокими Бойсун мепайвандад
ва якҷоя ба ҳифзи мулк қиём мекунанд»; ва Рӯзимуроду
Дӯсти дегрез ба ӯ ҳамроҳ шуданд; ва Амриддини бозоргон
дар Қазон муроҷиатнома нашр кард, ки «бино ба фармудаи
шаръи шариф подшоҳи кофири одил, беҳ аз амири мусулмони ҷоҳил; ва эй мусулмонон, ба тарафи Императори
Аъзами рус гузаред,вай ҳазорон бор одилтар аст аз амири
фосиқ ва фоҷири Бухоро!»; ва Англисҳо аз Кошғар ба Кармина одам фиристониданд, ки «Амир дилшикаста нашавад,
дар муқовимат устувор бошад, Бритонияи Кабир ӯро танҳо
намегузорад. Ҳар қадаре ки пулу мол ва тиру дору лозим
бошад, муҳайё хоҳад кард»; ва Дӯстмуроди муҳандис нома
ба номи Амир фиристонид, ки «аслаш, ба чунин ҷанге
рафтан маънӣ надошт, хатое ки рафт, баргардонида намешавад. Алҳол чора ин аст, ки дари сулҳ бикӯбед ва бақои
салтанат нигоҳ доред. Ба пулу силоҳи англис умед набандед
ва аз дастгирии афғонҳо низ умедвор набошед. Салоҳи кор фақат дар сулҳ аст–халқро осуда мекунад»; ва Амир ин номаро нахонд–вай дар иҳотаи аҳли дарбор, дар муҳити саломи субҳу шом ва таъзими заминбӯси муддавом, дар қаср хуфту хез дошт, ва ба ҳамаи ин хушомаду таъзим бовар намекард, вале хушаш меомад ва шотир мефиристод, ки аз Бухоро барои занҳои ҳарам оинаву шона ва усмаву ғоза биёваранд…

пешина
аз 435
навбатӣ