Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар як ҳуҷраи як кунҷи мазор се дарвеш ба ибодат машғул буданд–дуъои рафъи бало мехонданд; ва барон Рене, камон ба парондану найза ба халондан тайёр, ҳуҷраҳоро тафтиш мекард ва як даста аскар аз дунболаш мегашт; ва ба ҳамон ҳуҷраи кунҷ расид ва дари чӯбини онро лагад зада кушод, ва дарвеше, ки рӯ ба дар дошт, хишти пухтаи зери кунашро бардошт ва ҷонҳавл, бо тамоми қувват, ба пешонаи Рене кӯфт; ва барон якмарг шуд, ва дастае, ки дунболи ӯ буданд, дарвешонро тирборон карданд.
Мулло Нусрат, бо издиҳоми мардум, ки саллаҳо чун ливо алвонҷ медоданд, аз Регистон ҷониби Чӯпонато равон шуд; ва сарбозони ақибгашта ҷон гирифтанд, дар ҷилави издиҳом истоданд; ва анбӯҳи одамӣ ба ҳайҷо расид–аз як тараф мудофеъон бо тиру камони куҳна, шамшер, найза, табар, хода, ва сарбозони сарсупурдаву мардуми ҷангнадида; аз тарафи дигар тӯп, пулемёт, панҷтираҳои навбаромад ва аскари варзида, ҷангдидаву шаҳди ғалаба чашида,–ва муқовимати шадиде оғоз ёфт, ки ду рӯз давом кард; ду рӯз Мулло Нусрат ба душман маҷоли пеш омадан надод, ва ду рӯз занҳо ба мардҳо хӯрданиву нӯшиданӣ бурданд; ду рӯз гулӯлаҳои тӯп дар остона ва рӯи биноҳои канори шаҳр беист таркид; ду рӯз ба садои якатир, тири мусалсали пулемёт ҷавоб дод: ва дар рӯзи севум аввал аскари савора ва баъд аскари пиёдаи душман,ба шаҳр даромад. Ва Кауфман ба Императори Аъзам барқия дод: «Кӯҳантарин ва машҳуртарин шаҳри Осиёи Васат, маркази мусулмонон Самарқанд, ки ифтихоре аз таърихаш доранд, пеши пои Шумо сар монд ва дарвоза ба рӯи аскарони бошарафу ғаюри Шумо кушод».
Ва мударрис Мулло Нусрат ба шаҳодат расид, ва каллаи манораи мадрасаи Бибихоним парид, ва бозори калони шаҳрро оташ заданд; ва дар сари манори мадрасаҳо, масҷидҳо, мазорҳо, посбон монданду пулемёт устувор карданд; ва дар чорсуҳо аскарҳо лангар партофтанд; ва рӯзона

пешина
аз 435
навбатӣ