ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Тоҷикистон фирористон шуд.
Ва даъвогарони ҳукумати қонунӣ маҳалҳоро аз дасти ҷангиёни Наҷоти Ватан воҳа ба воҳа озод мекарданд, ва аз тарафи Кӯлоб то ағбаи Шаршар, ва аз ҷониби Вахш то ағбаи Фахробод ва аз сӯи Ҳисор то дуроҳаи Шамбарӣ омаданд; ва қатънома пешниҳод карданд, ки «сессияи Шӯройи Олиро гузаронед, ҳукумати қонуниро барқарор бикунед ва ба ин ҷанги бародаркушӣ хотима бидиҳед». Ва Шӯройи Олӣ ҷавобро бо баҳонаи дар шаҳр оромӣ нест, кашол дод, ва дар таги дил Ҳукумати Муроси Миллиро пойдор нигоҳ доштан мехост; ва мушовирони даруниву берунӣ ва ситодҳойи дар забон дӯсти беғаразу дар кор ғаразноки фойдаҷӯ, сари маслиҳате омаданд, ки «ин мардум, чунонки мустақилона ҷанг карда наметавонанд, ҳамчунин мустақилона сулҳ ҳам карда наметавонанд. Дар ҳама корҳояшон остин аз худашон, даст аз дигарон аст»; ва соҳибони даст як чархбол гирифтанд, ва одамони Шӯройи Олӣ ва қумондонони Наҷоти Ватанро савор карданд, ва парвоз карданд, ва сангарҳову сипоҳу силоҳи водии Ҳисору Вахшу Ёвонро нишон доданд, ва дар болойи шаҳри Қӯрғонтеппа ва вайронаҳои он ду давр чарх занониданд, ва баргардонида ба шаҳри Душанбе оварданд, ва гуфтанд:
– Бо чашми худатон дидед. Агар ин қадар қувва ба шаҳр дарояд, аҳволи Душанбе даҳҳо маротиба аз ҳоли Қӯрғонтеппа бадтар мешавад.
Ва он ҳама дидаҳо ба мушовирону намояндаҳойи Шӯройи Олӣ сахт таъсир кард, ва орзуйи ғалаба ва сарварии давлатро дар банди дилашон ҳалук андохта бардошту ба замин зад.
Ва президиуми Шӯройи Олӣ, аз ноилоҷӣ, қарор баровард, ки сессияи шонздаҳуми Шӯройи Олӣ дар шаҳри Хӯҷанд даъват карда шавад.
Ва сессия шонздаҳуми ноябри соли як ҳазору нуҳсаду наваду ду дар қасри Арбоб ба кор сар кард.
Ва корашро то дуйуми моҳи декабр давом дод.
Ва Ҳукумати қонунӣ барқарор шуд.
Ва роҳбарони идеологиву ҳарбиву молиявии майдони
Шаҳидон ба хориҷа, ба паноҳи ситодҳояшон рафтанд.
Ва Тоҷикистон аз вазъи пораву порча шудан раҳо ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор