ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳамдигарфаҳмӣ нашуд, ва муқовимати ҳарбӣ фурӯ нанишаст, ва авҷ гирифт; ва тарафҳо ҷон мекоҳониданд, ки силоҳи бештаре ба даст биёваранд, ва аз куҷо мегиранд ва бо чӣ баҳое мегиранд ва оқибаташ ба куҷоҳо мебарад, аз ин бобат камтар андеша мекарданд, ва ё умуман андешаи фардо дар сарашон набуд, ва фақат ҳозиру ҳузурро ҳузурро медиданд.
Ва ҳалқаи ҷанг танг мешуд, ва ҳамон ситодҳое, ки бо ғаразҳову бо манфиатхоҳӣ ба оташи ҷанг равған мерехтанд, ба сифати дӯстони беғараз, миёнаравиро ба ӯҳда гирифтанд, ва…
Ва ситодҳойи муқовимат, ки дар ноҳияҳо, дар Вахшу Қӯлоб ва Қубодиёну водии Ҳисор ҷудо-ҷудо деҳаву ноҳияашонро аз ҳуҷуми чангиёни ситоди Наҷоти Ватан ҳимоя мекарданд., ба тадриҷ дар як ситод муттаҳид шуданд, ва қувват гирифтанд, ва силоҳу сипоҳ ғун оварданд, ва қодир шуданд ба пешгирӣ ва зарба задан. Ва фидоиёни Наҷоти Ватан, ки то алҳол бо силоҳ ба сари мардуми бесилоҳ мерафтанд, ва мекуштанду асир мегирифтанду фирорӣ мекарданд, ва осон-осон ғолиб меомаданд, ва масти ғалабаҳойи худ буданд, бо сипоҳу силоҳи муқобил рӯ ба рӯ омаданд. Ва шикастҳо хӯрданд ва аз Ҳукумати Муросойи Миллӣ талаб карданд, ки ситодҳойи муҳофизатро ғайридавлатӣ ва ғайриқонунӣ донад, ва онҳоро пароканда бикунад, ва силоҳашонро бигирад, ва роҳҳоро бандаду ба он ҷоҳо хӯрданиву ошомиданӣ нафиристад ва ба шӯъбаҳойи корҳойи дохилии он ҷоҳо аз хазинаи давлат маошу моҳона надиҳад. Ва Ҳукумати Муросийи Миллӣ муҳофизони хонаву дарашонро душман эълон кард, ва ба ситоди Наҷоти Ватан хонаҳойи кориву истиқоматӣ дод, ва барои таъминаш аз буҷаи давлат маблағ ҷудо кард, ва ҷангиҳову силоҳи ҷанг меёфту медоду водии Вахш ба ҷанг мефиристонд.
Ва дар водии Вахш барои гирифтани ҳар як деҳа, ҳар як идораи давлатӣ ва ҳар як шаҳраву шоҳпул, задухӯрди шадид рӯй медод, ки ба талафоташ касе ҷавобгар набуд; ва дар аввал ки ҷангиёни майдони Шаҳидон ғолиб меомаданд, тарафгирони майдони Озодӣ ва аҳли авлоди онҳо ба таҳқиру таҳдиду таъқиб дучор мешуданд, ва хонахез мегурехтанд ҷониби Данғараву Ховалингу Панҷакату Хӯҷанд; ва баъде ки ғолибият ба дасти ҷангиёни майдони Озодӣ гузашт, тарафдорони майдони Шаҳидон ва аҳли авлодашон, аз тарси қасосгирӣ, ба гурез-гурез даромаданд тарафи Душанбеву Кофарниҳону Ғарму Дарвоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор