ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ва агар кор барор нагирад, боз ҳамонҳо аз ҳама пеш даст ба сина мезананд, ки «дар вақташ мо гуфта будем!»; ва мардуми аз таги гап бехабар бовар мекунанд, ва онҳо дар ҳар ҳолат аз об хушк мебароянд.
Дар ин лаҳзаи хомӯшӣ, ки дару девор интизори ҷавоби савобе буд, Амир бечораҳолона ба Тӯқсабо нигарист–вай тағояш буд ва фақат ба ӯ бовар дошт; ва Тӯқсабо бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд.
Амир қабул кард ва озими ҷанг шуд ва бо аҳли риқоб ба Зирабулоқ рафт. Дар Зирабулоқ шаш ҳазор сипоҳи пиёда, ва понздаҳ ҳазор сарбози савора ва чаҳордаҳ дастаи тӯпзан ғун омада буд; ва Амир ба сари баландтарин дунгӣ баромад, ва поҳо дар рикоби асп устувор намуд ва қоматашро рост гирифт:
– Мусулмонон! Шаҳбозҳо! Ғозиёни дину шариат! Рӯзи сахт омад ба сари мо. Куффор ҷон ва моли моро ғорат мекунад. Мо дасти сулҳ дароз кардем, вай як саду бист ҳазор тиллои холис товон диҳед, мегӯяд. Шумо диловарӣ кунед, ҷонсупорӣ кунед. Аскари урусро шикаст диҳед, ман ҳамон як саду бисту панҷ ҳазор тиллои холисро ба шумоён медиҳам. Халқ умед ба шумо дорад. Худо ёратон ва Баҳовуддини Балогардон мададгоратон!..
Ва лашкари ислом ғирев бардоштанд:
– Аллоҳуакбар! Аллоҳуакбар! Аллоҳуакбар!
Ва ҳангоми майдондори Худо, ба мисли он ки як саду ҳафтод сол қабоҳату ҷинояту ситамгарии манғитро аз арши аъло тамошо мекард, ҳамчунон тамошобин бимонд; ва ҳазрати Баҳовуддини Балогардон, чун ҳарвақта, балоеро аз сари мардум барнагардонд…
Ва донишманд Дӯстмуроди муҳандис ҷон мекоҳонд, ки сабаби ин қазияро биёбад ва ба гӯши мардум бирасонад, ва ӯ таҳқиқ мекарду менавишт: Фармуди Худост, ки «аз ту ҳаракат аз ман баракат». Дар олами равшан кас беҳаракате рӯи баракатро надидааст. Аммо баъд, амирони замону вазирони даврони мо ҳаракат барои ободии мулк ва осоиштагии раъияро фаромӯш кардаанд, фақат анбор кардани баракатро пешаи худ медонанд; ва шиори Баҳовуддини Балогардон «дил ба ёру даст ба кор» будааст, вале ин «соҳибқирону ҷаҳонгирон» ба ёр дилбастагӣ ва ба кор дилгармӣ надоранд–корхона намесозанд, ба кордон музди заҳмат намедиҳанд; ва ҳаракат майдону фазо надорад ва кор қадру харидору талабгор надорад; ва имрӯз наҳрҳои қадим кӯр шудааст, наҳри нав намебароранд; заминҳои корам шӯразор ва санглох гашт, нигоҳубин надорад, ва заминҳои нав намекушоянд; оби рӯд маҷро дигар кардааст, дарғоту обшиканҳо фатарот шудаасту касе паи таъмираш нест; боғҳо хушкидаанд ва аз роҳҳо хари бордор гузашта наметавонад; ва ҳунари меъморӣ ба фаромӯшӣ рафт, ва ақлу қуввату вақти халқ ба корҳои бебаракат ва зудгузар сарф мешавад, ҷову ҳадафу мақсади бузургтаре надоранд ва намеёбанд, ки барои расидан ба он заҳмат кашанд ва ақл тез кунанд ва ҷадал бикунанду фаъол бишаванд; ва асбоби кору рӯзгорашонро такмил бидиҳанд, ва ҳунарҳо ва ихтироъкориҳо ва пешрафтҳо аз насл ба насл бигзарад ва сайқал ёбад ва боиси кашфиётҳо бигардад ва зина ба зина боло биравад ва қабат ба ободӣ бирасад, ва…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё