Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар он «замини бесоҳиб» як истеҳкоми аскари рус ба вуҷуд омад; ва соҳибони аморати Бухоро ҳатто як тасаввури дуру хирае надоштанд, ки Русияи Бузург ва Бритонияи Кабир, сартосари Осиёи Миёна ва минҷумла, мулки Бухороро, як замини пурнеъмат ва пурсарват, вале бесоҳиб медонанд ва сад сол боз дар орзуи тасарруфи он ҳастанд ва дар ин масъала, байни худ, рақобати шадиди нонӣ ва ҷонӣ доранд; ва ҷосусонашон, аз ҳолати оғил то вазъи дохили Арк ва аз ҳоли пайроҳаи бузгузар то ба роҳҳои корвон ва аз хислати машкоб то ба рӯҳияи ашрофонро омӯхтанду меомӯзанд, ва фурсат мепоянд, ки ба ин мулк бидароянду соҳибмулк бишаванд. Ва ҳадаф яктову даъвогар дуто буд – Русҳо ва Англисҳо, ва ин ду давлат, дар байни давлатҳои ҷаҳон, худро Бузургу Кабир медонистанд ва мағз андар мағзи сиёсаташон аз дағдағаю васвасаи ҷаҳонгирӣ иборат буд; ва Бритонияи Кабир обу хоки Ҳиндустону Африқоро балъида ба ин ҷониб мехазид, ва Руси Бузург Сибир ва Шарқи Дурро фурӯ бурда дар Аштархон лангар партофта, ба ҷаҳиши навбатӣ тайёр мешуд; ва ҳарду тараф даҳониву чопӣ ба зеҳни мардуми олам сунба мезаданд, ки тақдири фардои Осиёи Миёна дар дасти онҳост; ва қуръакашони сиёсӣ пешгӯйи мекарданд, ки як рӯз не, як рӯз ин ду наҳанги носерам, дар соҳилҳои Сирдарё ва ё дар домани кӯҳҳои Ҳиндукуш, калла ба калла хоҳанд зад, ва оташаке аз чашми онҳо бармехезад, ки дер гоҳ хомӯш нахоҳад шуд.
Аммо аморати Бухоро матбуот надорад, нашриёт надорад ва дастгоҳи омӯзиши вазъи ҷаҳон ва лоақал ҷосусони касбӣ надорад, ки аз ниятҳои истилогарии онҳо воқиф бишавад; ва бо ин ҳама ғафлатзадагӣ худро «сояи Худо дар рӯи замин» эълон кард, ва муфтӣ Қутбиддин ба дурустии ин даъво фатво дод ва қозикалон Авфуддин ба ин фатво мӯҳр гузошт ва имомҳо дар кулли масҷидҳои аморат, дар намози рӯзи ҷумъа, ин фатворо мехонданд, ки «Амир сояи Худояст дар рӯи замин, амри ӯ фарз аст ба ҳар як сағиру кабир» ва раият, – аз сағир то кабир, – онро такрор мекард ва эътиқод дошт ва саҷдаи заминбӯс менамуд; ва Амир ба ҳамаи ин сипосгузориҳо бовар мекард ва ба назараш аввалу охири дунё аз Афғонистон ва хонигариҳои Хеваю Қӯқанд иборат буд; ва азбаски ба Бухоро лақаби «қуввати ислому дин» додаанд, амораташро аз ҳамаи онҳо болотар ва пурзӯртар медонист.

пешина
аз 435
навбатӣ