ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ваъзи муфтӣ ба шогирдон маъқул нашуд. Дар байни шогирдон ду–се китобхон ҳам буданд, ва ин китобхонҳо ба андеша рафтанд, ва нисбати устод эҳтиромашон бештар шуд. Вале аксарияти шогирдон ранҷиданд ва нисбати устод бадбин шуданд, ки «моро таҳқир кард, дину диёнатро таҳқир кард, амирро таҳқир кард». Ва бадгӯйӣ дар ғайбати Қурбонмуроди муфтӣ аз дарсхона ба ҳуҷраҳои мадраса рафт ва аз мадраса ба масҷид даромад ва аз масҷид ба мазор гузашт. Дар байни уламои мансабталаб ва мансабдор ва мансабдӯсти замон ва дар доираҳои ҳукмдору ҳукмрон Қурбонмуроди муфтӣ ба бадӣ ном баровард, ки «обрӯи уламоро мерезонад, фарзандони номдори халқро паст мезанад, ба дину диёнат зарар мерасонад, ба Амиру Вазир тӯҳмат мекунад».
Ҳамаи онҳо ӯро бад диданд. Ҳамаи онҳо аз ӯ худро дур кашиданд. Лекин ҳуҷум накарданд. Хомӯшона аз маърака берун нигоҳ доштанд. Ва худҳошон, ба мисли пештара, шариатро ниқоб карда ва амирро пуштбон гирифта, муфтхӯрӣ ва фиребгарӣ ва хиёнат ва ҷинояташонро ҳалолхӯрӣ ва ҳалолкорӣ ва кордонӣ ва ҳунар дониста, ба ибораи худашон «дар ин дунёи дурӯза» давр меронданд.
Ва амирашон ҳам, ранги худашон, давр меронд, – намози бомдодро таҳорат накарда хонд ва хазинадорро ҷеғ зад ва хазинадор ба ӯ ҳисобот дод, ки «рӯзи гузашта аз ҷониби намакпарвардагони даргоҳи олӣ, аз ҳокими Ҳисор ду асп бо зину лаҷомаш ва ду оҷиза бо бӯхчаву ҷиҳозаш ва аз ҳокими Каркӣ як гилем аз пашми шутур ва ҳафт гӯсфанди шишак ва аз мири Рӯшон даҳ ҷуфт ҷӯроби рангин ва ду саноч тутмайиз ва аз мири Қабодиён се ҷувол анори бедона ва панҷ пӯсти рӯбоҳ ба дарбор расид. Боз аз ҳар гӯша ҷомаву саллаву эзору эзорбанд ва шираворӣ оварданд».
Ва Амир дастҳои сергӯшт ба ҳам молид:
– Бо тартиб ҷо ба ҷо монед ҳамаашро. Баъзеяшро пули нақд кунед. Ҳамон саноч пур шуд?
Хазинадор таъзим кард:
– Шабу саҳар пур мешавад.
Ва Амир ба наҳор хӯрдан нишаст; ва аз нону гӯшт ва аз пиставу бодом ва аз меваю шарбат, хӯрду хӯрд ва шикамаш аз ғизо то ба гулӯ пур шуд; ва вазнин–вазнин, ба мисли такае, ки рушқаи навдамидаро шикамсерӣ хӯрда дам овардааст, паҳн–паҳн қадам монда, лоҳасу беҳавсала ба Саломхона омад ва ахбору аризаҳои ба дарбор расидаро берағбат варақ зад – тагурӯ кард, пешу пас монд ва ба росту чап гузошт ва чашм давонд, вале ягонтояшро нахонд ва ба ягон мактуб ҷавобею супоришеву фармоне нанавишт ва ба касе аз касони масъул, ки ҳузур доштанд, чизе нагуфт ва ишорае накард; ва қоғазҳои тунуккардаашро ҳамту паҳну парешон монду аз ҷо хест ва аз байни таъзими заминбӯс, ки мулозимону пешхизматону ғуломбачаҳо арзонӣ доштанд, бо сари баланд гузашт ва аз Саломхона баромад ва ба ҳавлии хоси худаш рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё