Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёр гаштам ва дуру дароз омӯхтам, вале аз он адолату фаросате ки маъхазҳо хабар медиҳанд, ва хондагиву шунидагӣ фахре доранд, ягон нишонае ба чашм нарасид – на дар низоми давлат, на дар маърифат, на дар раъиятдорӣ, на дар қонунгузорӣ, на дар шаҳрсозӣ, на дар кишоварзӣ ва на дар роҳкушоӣ.
Тақлиде ҳаст, албатта. Як тақлиди беҳунарона ва беҳосил,–олим, адиб, мутриб, воиз барин шахсҳоро ҷамъ меоваранд ба дарбор, гӯё ки анъанаи подшоҳони зинданомро давом медиҳанд, вале барои баҳра бардоштан не, барои равнақу ривоҷи он касбҳо не, фақат як худнамоӣ, ки «мо ҳам дорем, мо ҳам аз бузургони гузашта кам нестем!»… Хони Кӯқанд хост нишон бидиҳад, ки «подшоҳи одил аст ва дар корҳо аз доираи инсоф берун намеравад». Се нафар аз мирзоёнро ҷеғ зад, сӯҳбати маҳрамона кард: «Ба вилоятҳо меравед. Як бандаи Худо надонад, ки шумо кистед, аз куҷо омадаед, ба куҷо меравед, чӣ кор доред.

пешина
аз 435
навбатӣ