ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Вай босалобату амирона не, балки чун як харидори эҳтиёҷманд, ки ба суроғи моле ба бозори калоне даромадааст, аз раста ба раста, аз пеши як бериш ба назди бериши дигар рафта, ба молаш нигариставу даст ёзонида, харидорӣ кард:
– Ҳалвои тар чанд пул?
– Қимат не. Барои Шумо боз арзон мекунам.
Амир аз ҳалво як луқма гирифта ба даҳон партофт ва дар ҳолате, ки луқмаро мехойид, ба рӯву мӯ ва ба лабу дандон ва ба чашму абрӯйи бериш бо ҳавас бинигарист ва аз кисааш тангае бароварду ба кафи дасти ӯ гузошт ва гузашту рафт ба назди дигараш:
– Каллақанди хушрӯ будаст. Нархаш чанд?
–Чашида бинед. Аз шафтолу ҳам арзон кардам. Арзони хоки сиёҳ.
Амир аз рӯйи лаълича як сар қанд гирифт, бо кафи даст зарб зад ва ангушти ишорат бо нами даҳон тар кард ва ба қанд заду лесид ва ба сар то пойи бериш харидорона зеҳн монд ва тангае ба дасташ дод ва гузашту рафт.
Бафурҷа буд гардишу тамошояш – аз як лаб дар назди ҳар як лаъличаву табақчаву тақсимча истода нарх пурсид, аз шириниаш чашид ва қаду қомат ва рӯю мӯ ва чашму абрӯйи ҳар як маҳрамбачаро хуб тамошо кард ва оқибат, баъди савдойи сесоата, банди дасти конфетфурӯшро дошт ва ба кафи дасти ӯ як ҳавуч танга рехт:
– Мурам ба ҳамин чашму абрӯ!
Ва бериши хушрӯ ноз кард:
– Инту нагӯед, одамон мешунаванд.
Ва Амир мақомашро таъкид кард:
– Гуфтем. Мегӯем! Мо ба даҳони одамон не, одамон ба даҳони мо нигоҳ мекунанд…
Дар ҳақиқат, одамон ба даҳони ӯ нигоҳ мекарданд, ба даҳони дигарон агар нигоҳ бикунанд, фақат барои он буд, ки муште ба даҳонаш бизананд, чунон ки ба даҳони қушбегӣ Саидмурод заданд. Саидмуроди қушбегӣ, ба мисли як дарахти босамар дар саҳройи бесамар, дар боргоҳи аморати Бухоро як одами истисно буд ва вақте ки сари мансаб омад, хост корҳое бикунад, ки пеш аз ӯ дар ин мулк накардаанд ва ба назараш осон менамуд кардани он корҳо – чӣ душворӣ дорад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё