ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Чораашро бинед! Дар акси ҳол ҷанҷол калон мешавад.
Дар мулки Бухоро ҳар гуна гуноҳу ҷиноятро бо ришва пӯшондану хобондан имкон дорад, вале агар ба надонистани фармудаҳойи дин, ва кофирӣ айбдор кунанд, на ҷонаш раҳо меёбад ва на молу мулкаш. Аз номи дин даъво кардан бурротарин шамшер аст ба дасти муллоҳойи Бухоро ва онҳо тамоми қубҳу қабоҳаташонро паси калимаи дин пинҳон медоштанд, ва сиёҳашонро сафед нишон медоданд, ва зиндагии серу пур ва бо ғорат рӯз гузарониданашон дар ҳамин поя устувор меистод.
Ва Аъламу Қозикалон бо ҳамин роҳ ба мансабҳойи олӣ расида буданд, ва даъвойи Мулло Абдураҳмонро ҳақу барҳақ донистанд, ва ӯро афра доданд:
– Шумо толибилмҳоро хезонед. Мо ҳам аз тарафи худ чора мебинем.
Аммо Раис муқобил баромад. Вай дар ин мансаб одами нав буд. Амир, бо тавсия ва исрори агентии сиёсии Русия, ба ин вазифа ӯро таъин кард. Раис даъвойи Мулло Абдураҳмонро шунид ва дар суханони Қурбонмуроди муфтӣ ягон ихтилофе ба шаръи шариф надид:
– Шумо, домулло, беҳуда ғавғо бардоштаед. Муфтӣ куфру бидъате накардаанд. Баракс, ғам мехӯранд, ки фармудаҳойи шаръи шарифро ҳамаамон баробар пос бидорем. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама маврид. Амирамон дар муроҷиат ба раъият гуфтанд, ки «минбаъд ҳама корҳойи мо бар вифқи шаръи шариф мешавад». Муфтӣ ҳамин гуфтаи амирамонро тақвият додаанд. Гуноҳи набударо овозаю дарвоза кардан хуб нест.
Муроди Мулло Абдураҳмон дигар буд, – хабараш ба Раис хуш меояд, ва аз ӯ миннатдор мешавад, ва ба ӯ эътиқод мебандад, ва дар оянда дасташ мегирад. Аммо муомила битамом ранги дигар гирифт. Раис ӯро иғвогар гуфт, тӯҳматбоф гуфт. Ин ҳам ёри Қурбонмуроди муфтӣ будаст. Ин ҳам душмани дину ойин будаст. Бефаҳми дунёбехабар будааст…
Вале ғайрат накард, ки гапи дилашро рӯбарӯ ба Раис бигӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё