ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
шаҳри Бухоро рӯй дод, пораҳо нақл кард; ва аз дӯсташ пурсид:
– Шумо ҳеҷ фикр кардаед, ки ҳамин мардуми мо чӣ хел мардум ҳастанд?
– Не, фикр накардаам. Мардуманд ба мисли ҳама мардумон. Чӣ ҳоҷат аст ба фикр кардан?
– Нозукиаш дар ҳамин ки ин мардум дигар мардумон барин не. Ин хелаш дигар дар ҳеҷ куҷо набудагист. Гирем ҳамин воқеъаҳоро. Одамоне, ки илми динро нахондаанд, бо ду–се ояте, ки аз ёд кардаанд, ва ду–се ривояте, ки шунидаанд, он қадар даъвойи диндорӣ ва ҳимояи шариъат мекунанд, ки гӯё он фатвоҳоро худашон навишта бошанд.
Бохабаре иштибоҳашонро нишон бидиҳад, ба гардан намегиранд, ва ӯро кофир мегӯянд, ва душмани дину ойин медонанд.
– Дилатонро бисёр хун накунед. Бобойи ман мегуфтанд, ки «аз мулло натарс, аз нимчамулло битарс». Сесад сол аст, ки мадрасаҳойи Бухоро нимчамулло тарбия мекунанд. Шумо аз инҳо чӣ умед доред?!
– Хуб, гуфтем, ки мансабдорон аз бадном кардани бохабарон манфиат мебинанд. Ҷойи гарму маишати муфташонро нигоҳ медоранд. Обрӯву мақомашонро аз даст додан намехоҳанд. Ва ба ҳар фитна тайёранд. Аммо дигаронро кадом дев задаст, ки даҳон даронда тарафи онҳоро мегиранд?
Бо як ишорати онҳо ба кӯчаву майдон мебароянд. Доду фиғон мебардоранд. Агар он касеро, ки бадном шудааст, дар гармогармӣ ба дасташон афтад, бе ҳеҷ таҳқиқу таҳлил, тикаву пора карда мепартоянд. Ман ба ҳаминаш ҳайрон.
– Ҳайрон нашавед. Рама ҳамеша аз паси серка меравад.
Алҳол Қозикалон бо сеҳри мансаб ва Мулло Абдураҳмон бо таъсири даъво, барои онҳо серка ҳастанд.
– Пас, ҳақро ҳақу ботилро ботил, ва доноро донову нодонро нодон гуфтан ҳеҷ манфиате надорад?
– Фойида надорад. Зарар дорад. Мисолаш худатон.
Гуфтед, натиҷа чӣ шуд? Дар бало мондед.
Натиҷа чунин буд, ки халқи бисёре ба шӯр омад, ва шаҳр ноором шуд, – дӯконҳоро бастанд, косибон ба кор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё