Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Салотҳо омаданд, бо тиру тӯпашон омаданд!!!
Бошандагони Қалъа ба таҳлука афтоданд, ва бек ба одамонаш фармуд:
– Мардумро ба по хезонед! Пиру ҷавонро хезонед. Аз дарвозаи шаҳр берун раванд. Пеши роҳашонро гиранд. Ба шаҳр даромадан намонанд.
Сарбозони Қалъа саф оростанд, – бо камонҳои пилтабанд ва се берданка, ки фидойиёни гуреза аз ҷанги Каттақӯрғон оварда буданд ва найзаҳои чӯбин ва мардони шаҳр, ки одамони бек ба по хезонда буданд, камонҳои шикорӣ ба даст гирифтанд ва ба сари ходаҳо дос бастанд,
– ва тӯда шуданд таги дарвозаи Қалъа ва пири кор одами давлатманд ва ҷаҳондида, Азимбой пеш баромад:
– Ҷаноби бек! Агар гапи маро гиред, губернаторро бо нону намак пешвоз гиред. Бо камони пилтабанд тӯпро зада намешавад. Агар гардан хам кунед, ба хуни мардум зомин намешавед.
Бек ба тӯда нигарист – аз ваҷоҳаташон маълум буд, ки маслиҳати Азимбойро дуруст мешуморанд. Андаке хомӯш истод, садои дигаре набаромад. Мардум хомӯшона интизор шуданд. Бек ҷавобе надод ва баргашта ба Қалъа даромад ва аз он ҷо одам фиристонид, ки «Азимбой ва ҳафт–ҳашт нафар одами боэътиборро ба дарун даъват бикунанд». Ва онҳо ки омаданд, дар хилват ба маслиҳат нишаст:
– Ман қудрати силоҳи русро медонам. Ба хуни раъия зомин шудан ҳам намехоҳам. Аммо бе ҷанг таслим намешавам. Бо маслиҳат, биёед, ин хел бикунем – Шумо мардумро ҷавоб диҳед, ба хонаҳошон раванд. Мо бо сарбозон дар Қалъа меистем.
– Кори беҳуда мекунед! – садо баровард пире.
– Кори беҳуда не, – рад кард Бек. – Расми мулкдорӣ ҳамин хел будааст. Бо дасти худ бароварда додан, хиёнат будааст.
Ва берун омаданд ва Азимбой, аз номи Бек, мардумро ҷавоб дод, ки «Раветон, дар хонаҳотон шинетон. Садои тир бошад, берун набароетон. Дар кӯчаҳо нагардетон. Ҳеҷ кас дар гирди Қалъа набошад».

пешина
аз 435
навбатӣ