ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Азизмурод писари Рӯзимурод суханони ӯро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мекард, – як ҷумла вай ба русӣ мегуфту ба ӯ менигарист, ва ӯ як ҷумла ба тоҷикӣ мегардониду таваққуф менамуд.
– Худатон медонед, ки дар аморати Бухоро қойида ва қонуни давлатдорӣ нест. Амир худаш қойида ва қонун ва худаш давлату савлат. Бекҳо ба вай тақлид мекунанд – худро мебинанду дигаронро не. Инро ислоҳ кардан даркор! Мо омадем, ки ислоҳ бикунем! Таърих ин вазифаро ба ӯҳдаи Русияи пуршавкат гузоштааст, ки ба ин хоку замин ободӣ биёрад, адолатро ба роҳ монад ва қойидаву қонунҳое рӯйи кор биоварад, ки осоишу оромии зиндагии шуморо таъмин бинамояд. Акнун худатон ба худатон сардор интихоб бикунед, ва неку бади рӯзгоратонро саришта бикунед. Шамшери буройи рус ҳамеша дар ҳифзи ҷону моли шумост.
Ва ба мардум хуш омад суханҳои ӯ, чунки рост буд. Ба дилу ба дардашон мувофиқ – дар ҳақиқат як кори нек накарданд ин бекҳо. Губернатор ақалан нисфи гуфтаҳояшро бикунад, олам гулистон мешавад. Ва аксари ғолиби мардум қурбониҳои дирӯзаи Қалъаро, ки барои ҳифзи номуси онҳо ҷон фидо карданд, ба дасти фаромӯшӣ супориданд, ва гови парвоие оварданду пеши пойи губернатор қурбонӣ доданд: – Миннатдорем! Некии шуморо фаромӯш намекунем!
Баъде ки ба Самарқанд баргаштанд, губернатор, бо мулоҳизае, ки сухани одами таҳҷойӣ ба мардуми бумӣ таъсири бештаре дорад, аз Азизмурод хоҳиш кард, ки таассуроташро нависад ва ба рӯзномаи «Самарқанд» бидиҳад.
Таассурот дар ҳақиқат киройи навиштан дошт, – мардони саллаву фашдор рӯзи ҷанг дар хонаҳошон пинҳон шуданд, ва баъди ҷанг бо даъвати губернатор, ба майдон ғун омаданд, ки ақалан яке сари баланд ва китфи рост надошт, ва пас аз сӯҳбати губернатор, ҳама саллаҳо ҷон гирифтанд, ва ҳама фашҳо ҷунбиданд, – қоматашон рост шуд, ва чашмонашон нур гирифт; ва тараддуд карданд, ва пеши пойи ӯ хун бароварданд, ва дастархон оростанд, ва дойрабазм тасфид; ва дастҳо пеши бар, то ним санг роҳ, гуселаш намуданд; ва розиву хурсанд буданд аз сиёсати силоҳи губернатор, ва шикастани Қалъа, ва фоҷеъаи беку сарбозон, ва аз тадбирдонӣ ва мавридшиносӣ ва итоати оқилонаи худ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё