Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар тамоми азму иродаи худро ҷамъ карда, аз Зебӣ пурсид:
– То кай ҳамин хел бо рамзу ишора мегардем, Зебӣ?
– Яъне чӣ гуфтанӣ ҳастед? – пурсид Зебӣ.
– Агар шуморо яккаю ягона зеби ҳаётам шуморам, чӣ мегӯед?
–...
– Сукут аломати ризост, – гӯён Сафар аз ду китфи Зебӣ дошта ба чеҳраи вай нигоҳи ҷозибадоре кард.
Зебӣ ба лабҳои тунуки ҳанӯз аз ҳаяҷон ларзандаи худ оҳиста табассум гирифт. Аз ин табассуми вай дар чеҳрааш боз зебоии ҷозибадоре пайдо шуд. Ин ҳусни зиёдатӣ диққати Сафарро боз зиёдтар ба худ кашида, аввалин бор забони ӯро ба гуфтани ин сухан водор карданд.
– Ба ҳурмати вафодорӣ ва ҳамчун нишонаи хайрухуш азизам...
Лабҳои Сафар ба лабҳои Зебӣ наздик меомаданд...
Зебӣ аз як ҷиҳат аз шарми духтарӣ рӯяшро дур кашиданӣ мешуд, вале аз ҷиҳати дигар дили аз оташи муҳаббат баҷӯшомадаи вай ба хоҳиши Сафар муқобилат нишон доданро раво намедид.Дар охир азми дил шуд...
Баъди ин якчанд дақиқаҳои фаромӯшнашаванда, ки бағоят самимона ва ширин буданд, онҳо ҳар ду барои обгирӣ ба назди лӯлаи об рафтанд. Пеш аз ба обдон об пур кардан, Зебӣ хост, ки дасташро шӯяд. Сафар ба вай хизмат карданӣ шуда гуфт:
– Истед, ман ба дастатон аз обдон об резам.
– Не, раҳмат, ман аз шумо даст шустанӣ нестам... – ҷавоб дод бо лутф Зебӣ.
Пас аз даст шустан ва ба обдон об гирифтан, онҳо ба назди Умрихола баргашта омаданд. Умрихола ҳам аз он ки онҳо барои об ин қадар дер рафтанд, бетоқат шуда, ба Сафар ва Зебӣ бо киноя гуфт:
– Хайрият, ки биринҷи ошро андохта шуморо ба об нафиристодаанд?
– Об бисёр дур будааст, – сабаб нишон доданӣ шуд Зебӣ чашмонашро аз нигоҳи Умрихола гурезонда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё