Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҷо истгоҳи хоҷагиҳои ақибгоҳии дивизияи полковник Людников буд.
Лейтенант Осмухин, ки аз Сталинобод сардори эшелон таъйин шуда буд, аз ҷанговарон пештар ба назди фармондеҳи дивизия омада, дар бораи ҳайати ҷанговарон, тайёрии ҷангии онҳо ҳисобот медод. Дар сангар, ки Осмухин ба он ҷо омада буд, ғайр аз ӯ, фармондеҳи дивизия полковник Людников ки марди миёнақади синну солаш қариб ба чил расида, ҷуссааш калон, чашмонаш зардчатоби ҷиддӣ, пешонааш се-чор рахи ожанг дошт ва боз як подполковник ва як майор ҳозир буданд. Дар пеши онҳо, дар рӯи мизе, ки аз тахтаи яшикҳо сохта шуда, пояҳояшро ба замин гӯр карда буданд, харитаи топографӣ паҳн карда шуда буд.
– Ҳамин тавр... рафиқ лейтенант, – гуфт полковник пас аз ҳолпурсӣ аз лейтенант Осмухин ва сари худро ба рӯи миз хам карда ба харита чашм андохт.
– Одамони ҷангнадидаро дар ин вақт якбора кӣ ба ҷанг пеш бурда метавонад, рафиқ комдив? – бо кадом як мулоҳиза гуфт подполковники қадпаст мӯйлаби дарозу сияҳи худро тоб дода.
Полковник пешонаашро чин карда, ба подполковник нигоҳи қаҳролуде кард.
– Агар ин ба маънои савол бошад, – гуфт полковник бо овози ғафс, – ҷавобаш равшан: ману шумо пеш мебарем.
– Охир немисҳо ба муқобили мо аскарҳои якачине доранд, ки Европаро зери по карда омадаанд, – боз фикри худро такрор карда гуфт ҳамон подполковник,
– оё мумкин аст бачаҳое, ки ҳанӯз бӯи борутро нашамидаанд ва ба болои ин понздаҳ рӯз инҷониб дар роҳ хастаанд, якбора ба ҷанг дароянд?
– Шумо ҷангҳои назди Москваро надида бошед ҳам, мумкин аст, омӯхта бошед?
– Аз якчанд китоб хонда, дар якчанд лексия низ шунида будам, рафиқ комдив.
– Агар қувваи ҳофизаатон шуморо фиреб надиҳад, ба хотир оваред, ки немисҳо дар остонаҳои Москва на танҳо аскарҳо, инчунин дивизияю армияҳои кадрии яккачини дар Европа овоза бардоштаро ҷамъ карда буданд.

пешина
аз 333
навбатӣ