Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Магар ман ягон бор гапи дурӯғ гуфта будам? – гӯён Сафар ба назди тирезае ки ба сӯи боғчаи мактаб кушода шуда буд, рафт. Аз боғчаи гулзор ба димоғи ӯ бӯи хуш расид ва ӯ бо ҳаловати том нафас кашида, дар худ нашъаи ширине ҳис кард. Вай дар давоми се-чор моҳ ана дар ҳамин ҷо нишаста ба комитети ноҳиявии ҳизб, ба Комиссариати ҳарбӣ, ба комитети районии комсомол, ба шӯъбаи маорифи район ва Комиссариати Халқии Маориф дар бораи ба сафи армияи сурхи амалкунанда рафтан якчанд аризаю мактубҳо навишта буд. Охир ба аризаи ӯ ҷавоби қаноатбахш дода шуд.
Ин хоҳишу орзуи худро Сафар то ин дам ба ягон каси дигар нагуфта буд. Вай ором, бо ғайрати комил машғули кори худ ва корҳои оммавӣ – сиёсӣ дар байни аҳли қишлоқ буд. Ҳар субҳ ва ҳар бегоҳ дар чойхонаи сурх ба аҳли қишлоқ дар бораи вазъияти фронтҳо, аҳволи дохилию хориҷии мамлакат хабарҳои охиринро мерасонд, дар бораи ватанпарварии одамони советӣ ҳикоятҳои диққатангезе мекард.
Юнусбобо ҳам яке аз онҳо буд, ки ба Сафар бо меҳру муҳаббати самимона рафтор мекард. Ҳамин Юнусбобо буд, ки дар кӯдакии Сафар ба аскарони сурх роҳ нишон дода, сабабгори аз сару тани хунолуди ӯ расидани дасти мададгори онҳо шуда буд ва ҳоло ба Сафар ҳамчун ба яке аз ҷавонони пешқадамтарин ва донишмандтарини қишлоқ муносибат мекард. Инчунин Сафар ҳам нисбат ба Юнусбобо иззату эҳтироми калон дошт.
Юнусбобо баъд аз ҷавоби Сафар каме хиҷолат кашида ба вай мулоимона муроҷиат кард:
– Дурӯғ-ку намегӯӣ, писарам, лекин очаат чӣ мегуфта бошад?!
Ин сухани Юнусбобо Сафарро ба андеша гузошт.
Вай пеш аз ариза навиштан ва пас аз он ҳам ба ин кор он қадар розӣ набудани модари танҳояшро ҳис мекард ва мефаҳмид. Вай пас аз сухани Юнусбобо якчанд дақиқа хомӯш монд ва фикри ӯ дар ҷустуҷӯи ризоии дили модар тамоман банд шуд. Як андеша ба Сафар дилпурӣ медод: «Наход модаре, ки аз рӯзи ба сағирахона рафтани ӯ то дами тамом кардани институти педагогӣ солҳо ба танҳоӣ тоб овардааст, ҳоло тани худро ба пеши роҳи ӯ партояд?»

пешина
аз 333
навбатӣ