Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар пешонаи вай бо корд шакли ситораи панҷгӯша, дар ду рухсораш аломати зарб бурида шуда буд. Политрук Ванюшин дарҳол ин ҷанговарро шинохту ба болои сари вай хам шуда, номашро гирифт:
– Ӯрозов, Ӯрозов!
Ӯрозов пардаи чашмони нимроғашро базӯр ҷунбонда ба як ҳол оби даҳонашро фурӯ бурду ду-се бор нимғурма гап зад.
– Немис канӣ?
– Немисро пеш кардем, Ӯрозов!
Ҳамин ки роҳбари сиёсӣ ин суханро гуфт, Ӯрозов як чашмашро калон кушода, ҳаракати сар бардоштан карду лекин дармонаш нарасида, баъд чашми нимроғашро ҳам пӯшида, хомӯш монд...
– Разведкачии мо буд, ду рӯз шуд, ки аз супориши ҷангӣ баргашта наомад, фашистҳо албатта аз вай чизе рӯёнда натавониста, ӯро ҳамин хел шиканҷа кардаанд... Худаш ӯзбек, ду орден ҳам дорад, – гуфт бо овози ғамгин Ванюшин ва аз сараш телпакашро гирифт.
Дигарҳо низ сарлуч шуда, як дам дар болои сари ҷасади беҷони ҷанговари шӯроӣ хомӯш рост истоданд.
Мамараҷаб аввалин бор аз ин фоҷиа кӣ будани душмани дар рӯ ба рӯ истодаро дар фикри худ тасаввур мекард. Як гӯшаи дили ҳанӯз аз иғвоҳои Мирбадал тозанашудаи вайро низ оташи ғазаб ва кинаю адоват нисбат ба гитлерчиён ба сӯзиш меовард... Вақте ки вай ба рӯи ҷанговари ҳозиракак ҷондода нигоҳ мекард, гӯё аз лабҳои беҷони Ӯрозов чунин садое ба гӯши ӯ мерасид:
«Агар орияту номуси мардонагӣ дошта бошӣ, барои ҷони ҷавонам қасос гир, ҷанговар!»
Пас аз он, ки торикии аввали шаб ба чор тараф доман паҳн кард, ба мавқеи ротаи Осмухин фармондеҳи
дивизия полковник Людников омад. Фармондеҳи полк
майор Максимов низ ҳамроҳи ӯ буд. Осмухин онҳоро
дар баромадгоҳи чакалакзор, дар пеши заминкани аскарӣ пешвоз гирифт. Полковник дарҳол Осмухинро ба ҳамон заминкан таклиф карду аз ҳама аввал худаш ба он ҷо сар халонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё