Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Овози баланди касе: «Воздух!» гӯён хабар дод. Ҷанговарон дар ҷой-ҷояшон панаҳ шуданд. «Юнкерсҳо» он қадар баланд парвоз намекарданд.
Ранги зардчатоби онҳо ва нишони монанди тортанак дар зери ҳар ду боли онҳо кашидашударо чашм равшан медид.
– Ӯ, ҳаромӣ, – гуфт Дадабой, – аэропланаш ҳам худаш барин бадафту нофораме...

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Сафар чашмони аз хоб сершудаи худро молида – молида аз блиндаж берун баромада буд, ки диққати ӯро якзайл ғур – ғури кадом як ҳавопаймо ба худ кашид.
Вай ба осмон нигарист. Дар болои сари ӯ ҳавопаймои дидбоню тасҳеҳгари нишонгирии немисии «фокке – вулф» чарх мезад. Ин ҳавопайморо дар як ҷабҳа ҷанговарон «рама» номанд, дар ҷабҳаи дигар – «нардбон» ва ё «асобағал» меномиданд. Вай дар намуд ҳақиқатан ҳам ҳамин чизҳоро ба хотир меовард ва дар куҷое ки пайдо шавад, мисли пашшаи шилқини фасли саратон одамонро безор мекард: гоҳ варақа мепартофт, гоҳ бомбачаҳо ва гоҳ истгоҳҳои аскарони моро дида монда, барои онҳоро ба зери оташи тӯпу миномётҳо гирифтан ба қисмҳои тӯпчии худ хабар мерасонд.
– Дидӣ, ки «рама» пайдо шуд, дон, ки қисмҳои немисӣ ҳам аз ҷои ту чандон дур нестанд, – шунид Сафар овози ҷанговареро ва ҳамон дам худ ба худ фикр карду ба хулосае омад, ки ҳамнабардони вай ба ҷангҳои нав ҳам тайёранд.
Сафар аз роҳрави блиндаж ҷаҳида ба болои хоктӯдаи сангар баромад. Дар он ҷо якчанд ҷанговар гапзанон менишастанд. Ҳар замон чашмони онҳо ба роҳҳои одаму мошингард дӯхта мешуданд, ки аз он роҳҳо мошинҳои боркаши пур аз захмдорон, ё асбобу анҷомҳои гуногун бор кардагӣ мегузаштанд. Аз ҳар ду канори роҳҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷанговарони сар то пояшон чангу лойолуд мегузаштанд, ки дар ин наздикиҳо дасту рӯяшон ягон бор ҳам ба об нарасидааст ва аз бедорхобӣ пилку сафедии чашмонашонро суп – сурх хун зер кардааст.

пешина
аз 333
навбатӣ