Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Командиратон дар куҷо?
– Ман, сержант Сафар Одинаев! – гуфт Сафар баробари шунидани овози Максимов ва аз хоктӯда давида фуромад.
– Зуд ягон касро барои командири рота фиристед ва таъйин кунед, ки командирони дигар ҷузвитомҳоро ҳам ба ин ҷо ҷеғ зада оварад.
Сафар фармони подполковникро такрор карда, аз ҷанговарони отделенияи худ Касенкоро ба назди фармондеҳи рота лейтенант Осмухин фиристод.То омадани Осмухин ва командирони взводҳо полковник Людников ҳамроҳи командири полк Максимов ба гарданаи теппа баромада, мудофиагоҳи рота ва маҳалҳои ба он пайвастро бо дурбин аз назар мегузарониданд. Дере нагузашта Осмухин, фармондеҳи баталйон капитан Пузир, ки вай аз полковник пештар ба ин ҷо омада буд, роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва фармондеҳони дигар взводҳою ҷузвитомҳои ба ёрии рота додашуда ба назди фармондеҳи дивизия Людников ҳозир шуданд. Людников бо ҳамаи онҳо мулоқот карда, баъд аз Осмухин ва Пузир пурсидани корҳои тайёрии ротаи баталйон, ба дида баромадани минтақаи мудофиагоҳи рота шурӯъ кард.
Людников ба сари ҳар марзаю ҳар нуқтаи оташфишонӣ рафта камбудию нуқсонҳоро қайд мекард ва барои худи ҳамин рӯз бартараф кардани онҳо фармон медод. Вақто ки полковник ба назди Нозири камаровӣ омад, гӯё ки бо вай додару бародар бошад, ҳолпурсӣ карда гуфт.
– Лочини кӯҳистонӣ, аҳвол чӣ тавр?
– Бад нест, рафиқ полковник, – гуфт Нозир.
– Чаро хуб не?
– Дар як ҷо нишастан гирем, чӣ тавр хуб мешавад, рафиқ полковник?
– Ё ин ки духтарони сиёҳчашми мӯдарозро ёд кардӣ?
– Ёд карда бошем ҳам, чӣ илоҷ?
– Илоҷаш – немисро сахттар зада, зудтар ҷангро ба охир расондан аст.
– Эҳе, рафиқ полковник, ба хаёлам, ҳоло то тамом шудани ҷанг гап бисёр.

пешина
аз 333
навбатӣ